Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд дар байни аҳолӣ обрўе надошт, вале гурўҳҳое буданд, ки пойдории курсии ўро ҳимоя мекарданд. То ба андозае ин кор ба онҳо низ муяссар шуда буд. Муносибаташ бо роҳбарияти ноҳия нағз буд ва ба қавле аз гулўи ҳамдигар об мехўрданд, чунки ҳеҷ гоҳ аз хатти кашидаи роҳбарияти ноҳия қадаме берун нагузошта буд. Роҳбарияти ноҳия ҳам ҳамеша аз яроқҳои милиса истифода мебурд. Рўзҳо ҳатто ҳафтаҳо як ду автомат дар дасти раис ва ҷойнишинони раиси ноҳия буданд ва ба қавле дар тоза намудани экологияи гирду атроф чун гург хизмат мекарданд. Мардум аҳён– аҳён дар танҳоӣ ин дўстдорони табиатро санитари (гург дар назар аст) табиат меномиданд. Ҳамаи тирҳои дар шикор сарфшударо бошад Самандари Сармад дар асоси ведомост дар номи кормандони милиса, ки гўё баҳри омўзиши ҳайати шахсиӣ дар тирпаронӣ истифода шудаанд, моҳе як маротиба аз эътибор соқит мекард. Дар байни гурўҳҳои аҳолӣ ҳам гўшу чашми зиёде дошт ва дар аксари мавридҳо хабарҳои қабулкардаашро на ба манфиати давлат, балки ба манфиати шахсии хеш истифода мебурд, мисли оне ки хабарро дар бораи камомад дар галаи Қосими Асад истифода бурд. Чи хеле мегўянд кўза на ҳамеша аз сари чашма бе осеб бармегардад.
Ҳодисаи бо автомати дар дасти галабон буда низ айнан чунин рух дод. Автомат аз дасти касе гум шуд, ки мергани моҳир аст ва ў низ аз куҷо медонист, ки рўзе мерасаду Абдуллои Хокироҳ онро ба даст оварда, ба истиқболи марги хеш рўйи роҳ мебарояд.
Самандари Сармад дар ин шаби баҳорон дар утоқи кориаш нишаста мунтазири омадани галабон шуд, вале соатҳо сипарӣ мешуданду ҳеҷ не, ки Қосими Асад пайдо шавад. Шояд ў аз сари гала то ҳанўз наомадааст, тасалло медод хешро. Ба ҳар ҳол агар дар ин як – ду рўзе, ки дар ихтиёри онҳост, бояд бо ҳар роҳу восита яроқи аз дастрафтаро ба даст меоварданд. Барои ин ў бояд бо галабон суҳбат намояд. Аздусар Тўйчӣ Ҷалол яроқро ба нағзӣ намедиҳад ва бояд ўро ба чунин қадамони маҷбур сохт ва барои ин танҳо як роҳ аст ин ҳам бошад ба гарав гирифтани ҳамсари ронанда ва ба ў ултиматум пешниҳод намудан. Ба чунин амал танҳо галлабон қодир аст, чунки дар калаи бемағзи ў ҳеҷ гоҳ фикрҳои мухталиф ба туғён нахоҳад омад. Ў аслан манкурт буд ва бояд ҳамин хел манкурт монад…

пешина
аз 558
навбатӣ