Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳашт биҳишт будасту дўзах низ ҳашт,
Ҳақ таъоло аз баҳри як дўзах гузашт.

... 44 …

Дастгиршавии Холи Зард, ки замоне аз нуги теғаш хун мерехт ва ба шаҳр даъват шудани Қаландари Фаттоҳ, падари Икроми Қаландар фикру ақидаҳои мухталиферо дар Роғ ба бор овард. Хешу ақрабои Икроми Қаландар бо ҳар роҳу восита Гули Набиро гунаҳкор карданӣ шуда, овозаҳо паҳн мекарданд, ки маҳз ў ба шаҳр рафта, бо роҳи ёру ҷўрабозӣ писари Қаландари Фаттоҳ Икромро, ки мактаби деҳаро ба номаш гузоштаанд аз рўйи хусумат сиёҳ намудааст. Ҳеҷ гап не, ин рўзҳо ҳамааш мегузарад ва касе гумон накунад, ки номи мактаби деҳаро ба номи писари ин аризабози машҳур мегузоранд.
Ҳарчанд ин гапҳо ба гўши Гул Набӣ ҳам расиданд, вале ин даъфа ў сабру тоқатро пеша кард, чунки ба пойдории давлат акнун боварӣ дошт. Модоме ки худи Холи Зардро дастгир карда дафтари аъмолашро варақгардон мекунанд, аздусар кӣ будани Икроми Қаландарро низ рўйи об мебароранд. Ҳарчи ки мардум гуфтанд мон гуфтан гиранд, «бо дуои кўрмуш борон намеборад» боре ҳамсарашро, ки инони ихтиёр қариб аз даст дода буд, ором карданӣ шуда гуфт ў.
– Эй мардак ту ҳоло, ки будани Қаландари Фаттоҳ ва авлоди ўро намедонӣ, агар ў зўр намешуд магар мактабро ба номи писараш мегузоштанд.
– Худат ба фикрам то кунун чӣ будани давлатро дарк накардаӣ. Холи Зард, ки аз нуги теғаш хун мерехт ва баъзе одамони камзаҳра аз диданаш дар ҷояшон чун ях сард мегаштанд, имрўз дар зиндони давлат музтар монда, тақдири ояндаи хешро нигарон аст. Қаландари Фаттоҳ ва писараш Икром бошад он вақтҳо бозичаи дасти ана ҳамин Холи Зард буданд. Пас ту гумон дорӣ,. ки зўри давлат ба ҳамин мардони дубозу дурўя намерасад.
– Бовар мекунам, вале худат оё боре андешидаи он ки мардум аз сухани нек дида сухани бадро тезтар қабул мекунанд, накарди?

пешина
аз 558
навбатӣ