Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Солҳои охир мардум бештар ҳақиқатро қадр мекардагӣ шуданд, чун фаҳмиданд, ки аз қафои бархе аз сиёсатбозон, ки ба қавле худро демократ мегуфтанд рафта, ба чи рўзҳои сиёҳе дучор омаданд. Моҳе пештар вақте ки мактабро ба номи Икроми Қаландар гузоштанд, аксари мардум саҳни мактабро чун нишонаи эътироз ба беадолатӣ тарк намуданд, магар ин кам аст, ки боз даъво дорӣ ки мардум бадро аз нек тезтар қабул мекунанд. Ҳаргиз ин хел нест занак. Шукри Худо давлат обод шуда истодааст. Ободии давлат бошад ин ободии хонадони ҳар яки мост. Чунки Тоҷикистон на танҳо Ватани мо, балки хонаи умеду орзуи ҳар як тоҷики дунёст, мефаҳмӣ?
– Фаҳмидам.
– Фаҳмида бошӣ тайёриатро бин аз ду сар имрўз ё фардо маро муфаттиш Атоев ба шаҳр даъват мекунад, хоҳӣ ҳамроҳ рафта набераҳоро дида меоем.
– Кошкӣ як бори дигар рафта бачаҳакои Шодӣ ҷуна дида меомадам.
– Агар насиби дидор бошад, албатта меравем.
– Иншоолоҳ,– гуфт кампир ва боз илова кард, ки ана Суман ҳам аз мактаб омад.
Суман салом дода, ба хона даромад. Бобою бибиаш, ки дар ин рўзи баҳорон болои кат зери дарахти ангур менишастанд, аз қафои набера бо меҳр нигоҳ мекарданд.
– Духтари қадрас шудааст,– ниҳоят хомўширо вайрон карда гуфт кампири Анор.
– Ҳа, боз як – ду солу ўро нафаре ба хонаи худ мебарад.
Рост гуфтаанд, ки писар сутуни хонадон ва духтар устухони даҳони саг аст, – оҳ кашида гуфт мўйсафед.
– Ба кори Худованд шак набиёр.
– Астағфурилоҳ,– гуфт Гул Набӣ.
Дар мактаб гапу гапчаҳо бисёр буд, вале Суман баъди ҳодисаи онрўза, ки аз рўйи он шуда бибиаш баҳри бобояшро аз роҳ гардонидан бо марги саҳнави розӣ шуд, ба даҳон об гирифта буд.
Ҳамаи ин гапу гапчаҳо низ аз мактаб мебаромаданд. Тарҳ– рези ҳамаи ин гапу хабар роҳбарони Ҷамоати Роғ буда, ба хотири Қаландари Фаттоҳро ором намудан бо ҳар роҳу восита, Гул Набиро паст мезаданд. Маҳз бо супориши роҳбарони Роғ директори мактаб ва хешу ақрабояш, ки дар Роғ бо тахалуси «набераҳои Бахтак» машҳур буданд, дар ҳақи Гул Набӣ овозаҳо паҳн мекарданд.

пешина
аз 558
навбатӣ