Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷуз се– чор нафаре, ки мактаби олиро хатм карданд, дигар ҳама дар «инкубаторҳои маҳви бесаводӣ»– и охири асри бист, ки дар назди ҳамин мактаб ташкил шуда, филиали кадом як омўзишгоҳи педагогӣ аст «диплом» гирифтаанд. Ин соҳиб «дипломҳо» аз забону адабиёт сар карда, то физикаю математика дарс медиҳанд, ҳол он ки донишашон аз талабаи синфи ҳашти мактабҳои дигар пасттар аст. Писари Ғоиби Содир ҳам аз ҳамин авлод аст ва ў баъди хатми мактаби миёна ва «институти» назди ҳамин мактаб ба хондандагони синфи даҳум аз фанни химия дарс медиҳад ва боз чун бобояш Зулфиқор раиси созмони ҷавонони мактаб аст…
Баъзан шояд ба хотири алови чашми мардумро гирифтан ворисони авлоди Зарифи ҷандапўш ба худситойӣ медароянд.
Гул Набӣ онҳоро ба ҳуш оварда мегўяд: – Эй Айёс…
Маҳз барои ҳамин ин авлод Гул Набиро чашми дидан надоранд ва Қаландари Фаттоҳ ҳам ба онҳо маъқул нест. Бале Қаландари Фаттоҳ пул дорад, пули зиёд ва маҳз сарвати бебаҳояш ўро бо раиси ҷамоат ва раиси ноҳия дўст гардонидааст.
Раисҳо Қаландар Фаттоҳро акаи қиёматӣ мегўянд. Чунки дар замони ҳукумронии Холи Зард ба воситаи акаи қиёматиашону писари ў Икром тамоми объектҳои хоҷагӣ халқро талаю тороҷ намуданду касе пишакашонро пишт ҳам нагуфт.
Бахтакиён он солҳо дар хизмати Икроми Қаландар камар баста, аз рўйи хусусиятҳои ирсии хеш ки аз бобояш Зулфиқор ва бобокалонашон Зарифи ҷандапўш мерос гирифта буд, хело мардуми қайсарро фурўхтанд. Икроми Қаландар рафт, вале раисҳо монданд, худи Қаландар монд ва вақте ки аз даҳони мардум пичир-пичири ба мактаби деҳа додани номи Шодӣ Гул баромад, Бахтакиён суханҳои таъқиромези Гул Набиро ба хотир овардаанд:
– Эй Аёс қадри худ бишинос, чоруқои бобот дар тори кос.
О, бобокалони ҷандапўшатон ва бобои Зулфиқоратон, ки ними мардуми Роғро фурўхта ба хунашон зомин шуданд,– мегуфт, чун путк дар гўшашон садо медод… Не, не бояд коре кард, ки Гул Набӣ, кӣ будани авлоди Зарифро фаҳмад, бигузор рақибаш Икроми Қаландар ба саҳна барояд. Ҳарчанд ў ҳам ба мо дўст нест, вале ҳеҷ гоҳ чун Гул Набӣ аз гузаштаи авлодамон ёдовар нашудааст.

пешина
аз 558
навбатӣ