Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар солҳои аввали барқароршавии Ҳукумати Советӣ дар Тоҷикистон Зулфиқори Зариф бобои директори ҳозираи мактаб чун камбағал пеш аз ҳама бо сафи комсомол қабул шуд ва батраки дирўза, ки нони хўрдан надошт, соҳиби вазифа гардид. Зулфиқорро аъзои ячейкаи комсомолӣ қабул карданд, бехабар аз он, ки дар дили ў чӣ дарду аламест. Мардум хело дер фаҳмиданд ва то фаҳмиданд, ки аллакай дер шуда буд, чунки ҳамин собиқ батрак, ки нони хурдан надошт, раиси ячейкаи комсомолони таъин шуда, ба ҷуз кори аслии хеш боз дар фронти дигаре низ ба кор даромад.
Фронти дуюм фронти НКВД буд ва дар як муддати кўтоҳ комсомол Зулфиқори Зариф ними мардони баруманди деҳро фурўхта, ба азобу шиканҷаи НКВД гирифтор кард. Худо, ки акнун ба ин бедаст даст дода буд, чӣ давроне дошт… Зулфиқор фарзанди ҳаштуми оила буд ва бародаронаш низ аз худаш камӣ надоштанд. Падарашонро Зарифи ҷандапўш мегуфтанд. Бечора Зариф дар он солҳо ин ҳашт фарзандро ки қариб ҳама дузду роҳзан шуданд, бо чӣ азобҳое калон кард. Худаш ҳам аз рўйи зарурият чандин бор ба молу ҳоли мардум чашм аъло карда, ба назди қозӣ кашида шуда буд…
Қозӣ Намоз аслан писари ҳамсояи Зариф буд ва чандин бор ҷони Зариф ва ҳам дуздбачаҳояшро аз ҷазои шариат халос кард. Дар байни мардум гапу калочае ҳаст, ки боре Зариф бо ҳамсараш Фотима ҷанҷол намуда гуфтааст, ки чи лозим буд мисли саг ҳашт сағира ёфтан, о беҳтар набуд, ки мисли Ситораи зани Кабир чун Намоз писаре мезодӣ, ки дар ҳарду дунё дастгиру мададгорамон мешуд. Зани Зариф аз ин суханон ранҷида гуфтааст, ки ту куҷою Кабир куҷо. Кабир, ки шер аст шербача зоидааст ва аз саг танҳо сагбача таваллуд мешавад.
Ниҳоят аз кирдорҳои пасипардидагии Зулфиқор давлат огоҳ шуду ўро ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум кард…
Аз мор морбача мерўяд гуфтагӣ барин набераҳои Зариф ҳам бел ба равиши об бурда, ба «инкубаторҳои маҳвӣ бесаводӣ» (курсҳои кўтоҳмуддати муаллимтаёркунӣ) дохил шуда ризқу рўзии хеш пайдо карданд. Умуман, 80 фоизи муаллимони Роғ ҳоло аз авлоди ҳамин Зарифанд.
Тайи биступанҷ соли охир мактаби Роғ ба ин авлод, ки санъати баланди хушомадгўй ва хабаркашӣ доранд, гўё ба иҷора дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор