Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Эҳ, ирсият, ирсият то куҷоҳо ту ҳассосӣ. Бубин, авлоди Бахтакиён ба мартабаи директорӣ ҳам расиданд, вале ҳамон хабаркашию косалесиашон боқӣ монд, ки монд…
... 45 …
Дар нимаи дуюми рўз майори милиса Абдумаҷидов ба деҳаи Сафедорони ноҳияи Сайёд омад. Умуман, ў сараввал хост дар маркази ноҳия фаромада, баъд ба Сафедорон равад, вале фикре ба сараш омаду ба ронанда гуфт, ки беҳтар мешуд дар худи Сафедорон мефаромад. Азбаски автомашина аз ҳамон роҳ мегузашт, ронанда, ки аллакай пой бар болои тормоз гузошта буд, дуюмбора газро пахш кард ва автомашина боз ба суръати аввала майдони боғоти рў ба рўйи ноҳияро паси сар кард…
Бо ронанда хайрухуш намуда аз пайроҳаи шинос ба тарафи бинои ҷамоат, ки дар яке аз ҳуҷраҳояш нозири минтақавӣ Далватхўҷаи Маҳмад кор ва зиндагӣ мекард, ҳаракат кард. Шояд аз таҷрибаи кории хеш медонист, ки лейтенанти ҷавон аз утоқи кориаш, ки дар як вақт манзили истиқоматиаш ҳисоб мешуд, дил канда наметавонад…
Ҳарчанд бино якошёна буд, вале таҳкурсии пешаш нисбат ба таҳкурсии қафои бино, ки аслан бинои мактаб ҳисоб мешуд, зиёда аз як метр баландтар буд.
Абдумаҷидов аз зинаҳо баромада, аз тиреза садои илтиҷоомези касеро шунид, ки аз утоқи нозири минтақавӣ меомад:
–Эй биё маро ба ҳоли худ мон додар. Ба акои Самандар гўй ки маро наёфтӣ…
Абдумаҷидов баробари вориди бинои ҷамоат шуданаш ба дари тарафи рост, ки дар болояш бо ҳарфҳои хоно нозири минтақавӣ ноҳияи Сайёд лейтенанти милиса Давлатхўҷаи Маҳмад навишта шуда буд, ангушт зад.
– Марҳамат дароед,– шунид ў овози соҳиби утоқро ва дарро тела дод…
– Ой киро мебинам! Марҳамат гузаред, рафиқ майор,– аз ҷой ба истиқболи ў бархест Давлатхўҷаи Маҳмад ва меҳмонро ба нишастан таклиф кард.Сипас нафари ҳамроҳаш бударо чун галабони машҳур Қосим Асад ба меҳмон муаррифӣ намуд – Оё рост аст, ки барои ҷиноятро пинҳон кардан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд–пурсид Қосим Асад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор