Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд Абдумаҷидов аъзои клуби КВН набуд, вале мўйи сари хеш дар милиса сафед карда буд ва дар як мижа задан суҳбати хеш бо Назрӣ Раҷабро ба ёд овард. Ҳоло ки Қосими Асад ҳамчун гумонбар дар марги Абдуллои Хокироҳ ҳисоб мешуд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба хулосае омад, ки галабон ин суолро беҳуда надодааст ва суҳбати минбаъдаи онҳо аз ҷавоби худи ў вобаста аст. Рафту агар ба ў даст диҳаду галабонро бовар кунонида тавонад, ки ҷавобгари чунин шахсон баъди санҷиши дақиқ ва дайни гуноҳ ба амал меояд, рафти суҳбат бо ҳамон маҷро сурат хоҳад гирифт.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ рост ба чашмони мусоҳибаш нигариста гуфт, ки ба тақдири ҳар як фард тафтишот ҷавобгар аст ва баҳри он, ки ў аз кадом ҷинояте хабар доштааст, вале дар ин бора ба лаб муҳри хомўшӣ задаст, бе санҷиши аниқ ва дайн намудани гуноҳаш ҳеҷ гоҳ касеро гунаҳкор нахоҳанд кард. Барои дайн кардани гуноҳ бошад, як тарафи кор ки гўё шахс ҷиноятро пинҳон кардааст, басанда нест. Лозим меояд, ки корро ҳаматарафа санҷида аниқ намоянд, ки чаро шахси аз содиршавии ҷиноят ба таври ростхата ва ё мустақиман воқифшуда, дар ин бора ба милиса хабар надода, хомўширо пешаи худ қарор додаст. Таҷрибаи тафтишотӣ ва судӣ ҳолатҳоеро медонанд, ки аслан он ба тарафдори чунин ашхосанд.
– Чӣ хел?– боз пурсид Қосими Асад.
– Фарз кардем шоҳид ё оне, ки аз содиршавии ҷиноят воқиф гаштааст, аз ягон ҷиҳат тобеи шахси ҷиноят содир карда аст. Ва ё шахси ҷиноят содир намуда ўро тарсонидааст, ки агар ў ба ягон ҷо хабар диҳад, бе ҷазо намемонад ва амсоли ин…
– Ташаккур, акнун рухсат диҳед ман равам.
– Чӣ ба ягон ҷо шитоб доред? – суол дод Абдумаҷидов.
– Аз қафои гала рафтан лозим.
– Чӣ ба назди сардори милиса намеравед? – суол дод Давлатхўҷаи Маҳмад
– Беҳтар буд, ки наравам. Шумо бояд маро фаҳмед.
– Ба фикрам аз сардори милиса метарсед?
– Аз милиса ҳама метарсанд, ман ҳам метарсам.
– Аз милиса оне метарсад, ки гуноҳ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор