Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Милиса агар хоҳад гуноҳатонро ҳамеша меёбад.
– Хатто мекунед, милиса шахсеро меҷўяд, ки гуноҳ дорад ва ҳеҷ гоҳ аз зери нохун чирк намекобад.
– Ба ҳар ҳол маро рафтанам лозим, то ба сари гала меравам, ки шаб фаро мерасад.
– Майлаш ба сари гала рафтанӣ бошад меравед, вале ба шумо суоле доштам,– гуфт Абдумаҷидов.
– Гўшам ба шумо.
– Фаҳмидан мехостам, ки оё шумо дар бораи марги Абдуллои Хокироҳи Самарқандӣ хабар доред ё не?
– Ҳа, ҳамин ду– серўза хабар ёфтам, ки Абдуллоро ба қатл расонидаанд.
– Аз кӣ шунидед?
– Аз забони Назрӣ Раҷаб ном чўпони ҳамдеҳаамон дар сари чашмаи дараи Мухтор.
– То ин ду – серўза умуман хабар надоштаед?
– Не. Охир Абдуллои Самарқандӣ ба ман ягон хешу табор нест–ку.
– Бори охир кай Абдуллои Хокироҳро дидед?
– Аниқашро намедонам, вале як– ду моҳ пештар буд.
– Шаби 12 ба 13 апрел шумо дар куҷо будед?
– Мо мардуми дар кўҳу дашт мегаштагӣ он қадар ба тақвим аҳамият ҳам намедиҳем. Рўзу шаб, ки гузашт шуд. Ба ростӣ, як ҳафта дар куҷо буданамро ба ёд оварда наметавонам, ҳоло якуним моҳ пешро чи хел ба ёд биёрам?
– Ба ёд оварданат лозим мешавад.
– Гумон мекунед, ки ман Абдуллоро ба қатл расонидам?
– Ҳеҷ гумон намекунам, вале шумо маҳз шаби 12 ба 13 апрел ба суроғи ў баромадед. Аз ин бармеояд, ки ў ба шумо лозим будааст.
– Ва шумо ба гапҳои Назрӣ Раҷаб бовар кардед. Охир ў як умр аз қафои рама гашта, худ ҳам мисли гўсфанд беақл шудааст. Дар ҳақиқат ман як шаб аз хона баргашта, сари қадам ба хаймаи ў даромада пурсон шудам, ки оё Абдулло ҳаст ё не. Инро ман ба он хотир гуфтам, ки Абдулло мусофир буд ва маҳз аз ҳамин хотир ман ба суроғи ў даромада, баъд ба тарафи хаймаи худам рафтам.
– Чӣ зарурият пеш омад, ки дар шаби торик ба кўҳ рафтед?
Охир гала ин рамаи гўсфанд нест, ки онро дар назди хаймаи чўпонӣ гирд оварӣ.

пешина
аз 558
навбатӣ