Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар ин асно Давлатхўҷаи Маҳмад чойник дар даст вориди утоқи кориаш гашт ва Қосими Асад аз ҷояш нимхез шуд.
– Соҳиби утоқ хоҳиш кард, ки Қосими Асад дар ҳузури меҳмон ўро дар вазъи нохинҷор намонад. Галабон аз нав ба курсӣ дурустар такя карда, пиёлаи чойи дароз намудаи соҳиби утоқро ба даст гирифт. Ў як ду қулт чой нўшида, пиёлаи ҳанўз холинашударо ба як гўшаи миз гузошта чашм ба тарафи Абдумаҷидов духт. Ҳарчанд ў сухане ба забон наовард, вале нигоҳаш мегуфт, ки агар аз ҳамин милисаи ҷавон, ки то ҳанўз аз обу оташи зиндагӣ бохабар нест боварӣ дошта бошед, метавонед пурсишро сар намоед.
Абдумаҷидов дипломати ҳанўз накушодаро болои миз гузошта, аз он чанд варақ ва магнитафони тағмаи «Сони»–ро берун овард ва баъди дар асоси қонун барои надодан ё додани нишондоди бардурўғ ва пур кардани реквизитҳои асосии протоколи пурсиши шоҳиду гирифтани имзои Қосими Асад ўро огоҳ намуд, ки рафти пурсиш ба лентаи овоз дар магнитафони тағмаи «Сони» сабт карда мешавад.
Галабон Қосими Асад ҳамаи дидаву шунидаашро нақл кард. Ў чи тавр бо Абдулои Хокироҳ шинос шуданашро гуфта дод. Сабаби дар он шаби тор ба суроғи Абдулло баромаданашро ҳам. Ў ҳатто нақл кард, ки Абдуллои Хокироҳ шаби
12 ба 13 апрел дар байни километри 94–ум ва 95–уми шоҳроҳи Душанбе ағбаи Харгўшӣ ба қатл расонида шудааст ва маҳз худи ў аз ҳамон ҷойи ҳодиса калиди 32–36–ро ки дар он изи хун дида мешавад дарёфт ва ҳоло он калид дар куҷост, низ медонад.
Дар тамоми рафти суҳбат, ки Қосими Асад риштаи суханро бо даст гирифта буд, майори милиса Абдумаҷидов боре ҳам суханони мусоҳибашро набурид. Галабон аз шишаи болои касетаи магнитафон тоб хўрдани лентаро медид ва то ба андозае ҳам бошад кўшиш мекард, ки ягон ҳолати корро ба гўшаи фаромўшӣ надиҳад.
Галабон ҳанўз дар аввали суҳбат ба суоли хеш дар бораи пинҳон кардани ҷиноят ҷавоб гирифта буд ва акнун ягона роҳи аз ин гирдоб берун омадани хешро дар иқроршавӣ ба кирдори хеш медид. Ў вохўриашро бо ронанда Тўйчӣ Ҷалол ва боз ду маротиба ба суроғи ронанда рафтанашро низ пинҳон накард.
Дар тамоми даври суҳбат ў боре ҳам ба чашмони мусоҳибаш нигоҳ накард ва нуқтаи ягонаи нигоҳи хешро ба магнитафони хурдакаки тағмаи «Сони» ки дар давоми суҳбат ду маротиба касетааш иваз карда шуд, нигаронида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор