Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди анҷоми нутқи галабон Абдумаҷидов барои аниқтар кардани ҳолатҳои кор ба ў чанд суол дод ва бе ягон истиҳола Қосими Асад ба он суолҳо ҷавоб гуфт. Ў гуфт, ки рўзи 8 апрел худи Самандари Сармад автомати милисаро ба хонаи онҳо овард ва маҳз бо супориши ў галабон барои гуфтушунид ба назди ронандаи автомашинаи Камаз рақами давлатиаш 73–18 рафт, вале гуфтушунид ягон натиҷае надод. Галабон ҳамчунин гуфт, ки тайёр аст, ки он чил дона тири автомат ва калиди аз ҷойи ҳодиса дарёфтаашро, ки бо супориши Самандари Сармад пинҳон намудааст ихтиёран ба тафтишот супорад.
Ҳар он чи ки Қосими Асад гуфт ба лентаи овоз сабт карда шуд. Сипас, ў ба нишондодаш, ки Абдумаҷидов онро дар асоси суханонаш навишта буд, шинос шуда онро ҳам бо имзои хеш тасдиқ кард. Ба дерии вақт нигоҳ накарда Абдумаҷидов ба хонаи Қосими Асад рафт ва он калиде, ки дар боло зикраш рафт дар ҳузури ду шахси холис, ки аслан ҳамсояҳои галабон буданд ва худи нозири минтақавӣ Давлатхўҷаи Маҳмад дар асоси протокол чун далели шайъӣ гирифт. Азбаски тирҳо дар кўҳ буданд, гирифтани онҳо имконият надошт. Худи ҳамон шаб Абдумаҷидов ва Қосими Асад таваккалан ба рўйи роҳ баромаданд.
Кори онҳо омад карду баъди ним соат савори «Кашқа»20 – е шуда ба тарафи шаҳр ҳаракат карданд. Шабона пеш аз азми сафар Қосими Асад нигоҳубини галаро ба зиммаи бародараш, ки ў ҳам галабон буд гузошта, бо ҳамсар ва кўдаконаш рафта хайрухуш карда омад. Акнун ў бисёр мехост, ки ба тафтишот ёрӣ диҳад ва аз ҳамин рў аз чашми Самандари Сармад дуртар будан мехост. Мегўянд, ки моргазида аз банди ало ҳам метарсад. Галабон, ки аллакай як бор шаттаи Самандари Сармадро хурда буд, новобаста аз он ки сардори милиса акнун гови мурдаро мемонд, аз ў канор меҷуст. Абдумаҷидов ҳам бори аввал ба чунин ҳолат дучор омада буд ва фаҳмид, ки бе дахолати прокурору розигии ў кореро ба сомон расонидан душвор аст. Ў метавонист рост ба ШКД–и ноҳияи Сайёд рафта ин масъаларо бардорад, вале то ҳанўз ба суханони Қосими Асад пурра боварӣ надошт. Аслан ў кори хеш ҳам ба анҷом расонида буд ва дигар ҳаракатҳои тафтишотиро мебоист муфаттиши прокуратура Сиддиқов ба сомон мерасонд.

пешина
аз 558
навбатӣ