Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ба ў муяссар шуд, ки субҳи рўзи 23 май ронанда Тўйчӣ Ҷалолро бо супориши ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба назди Абдумаҷидов ҳозир намояд, вале то он вақт зиёда аз шаст соат вақт буд…
... 47 ...
Субҳи рўзи 21 май Абдумаҷидов аз натиҷаи сафараш Воҳид Камолро огоҳ сохт. Соате пас Қосими Асадро ба назди муфаттиши прокуратура Сиддиқов бурданд. Баъди пурсиши Қосими Асад ўро дар худи бинои прокуратура бо ҳамдеҳааш Назрӣ Раҷаб рў ба рў намуданд. Дар нимаи дуюми рўз калиди аз ҷойи ҳодиса ёфташударо бо қарори муфаттиши прокуратура Сиддиқов барои муайян намудани гурўҳҳи хуни дар калид буда ба ташхисгоҳи тиббӣ фиристоданд. Худи ҳамон рўз мактуби муфассале дар асоси нишондоди Қосими Асад ба номи Вазири корҳои дохилӣ ирсол дода шуд ва субҳи рўзи 22 май гурўҳҳи кории вазорат барои санҷиши ҳолати нигоҳдории яроқҳо ба ноҳияи Сайёд рафт…
Ҳама корҳо дар авҷ буданд, ба ҷуз он ки шахсони ҷиноят содирнамуда ҳанўз дар ҳавои озодӣ нафас мегирифтанд. Аз рўйи назарияи асосӣ ронанда Тўйчӣ Ҷалол гумонбари асосӣ дар куштори Абдуллои Хокироҳ ба ҳисоб мерафт. Аз он ки Қосими Асад бо Тўйчӣ Ҷалол вохўрда буду охирон ба ягон ҷо муроҷиат накард, тафтишот ба хулосае омад, ки ронанда қотили асосист. То ҳанўз шахсияти мўйсафеди дар кабинаи «Камаз»
буда муайян карда нашуда буд, вале ба ин тарафи кор танҳо худи ронанда Тўйчӣ Ҷалол равшанӣ андохта метавонисту халос.
... 48 …
Тўйчӣ Ҷалол ҳанўз то истгоҳ нарасида овозеро шунид, ки
касе номашро гирифта ҷеғ мезанад. Чун ба тарафи овоз нигарист дид, ки аз самти муқобил марде ба тарафи ў омада истодааст, вале аз ҳаракати зиёди нақлиёти шаҳрӣ дар байни роҳ чун
аломати хитоб рост ва ноҷунбон истода. Тўйчӣ Ҷалол дар ҷойи
хеш истод ва он мард як дасташро бардошта, ба тарафи ў алвонҷ дод, ки аслан он ҳам маънии салом ва ҳам ҳолпурсиро
дошт. Ниҳоят лаҳзае рўйи роҳ аз нақлиёт холӣ монду он шахс қисми дуюми роҳро убур карда, ба назди ў омада гарм вохўрӣ кард ва чун дид, ки мусоҳибаш ўро нашинохт худро муаррифӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор