Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў баъди супориши онрўза ҳатто Ҳусейновро надид ва агар рафту Ҳусейнов ба хатогӣ роҳ диҳад, ҳама кор ҷигил хоҳад шуд…
Автомашина пардаи шабро дарида ба пеш, ба тарфи шаҳр ҳаракат дошт…
... 46 …

Лейтенанти калони милиса Ҳусейнов аз он дар шигифт буд, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодааш натавонист дар сари вақт майори милиса Абдумаҷидовро огоҳ намояд. Рўзи гузашта ў телефон кард ва на як бор, вале Абдумаҷидовро наёфт. Бори охирон вақте, ки ба шуъбаи навбатдорӣ занг зад навбатдор Вазиров хабар дод, ки Абдумаҷидов дар назди Воҳид Камол аст.
Ваъда дод, ки боз занг мезанад, вале дар минтақаи хизматиаш ҳодисае рух дод, ки рафтани ў ҳатман зарур буд. Аз он ҷо нисфи шаб баргашт. Дар пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами чорум хабар доданд, ки Абдумаҷидов чанд бор занг зад. Ў боз ба милиса занг зад ва чун фаҳмид, ки ба хонааш рафта аст қарор дод, ки сари субҳ худаш ба ШКД рафта аз натиҷаи супориши ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шахсан ба худи ў ҳисобот медиҳад.
Ҳусейнов сари субҳ ба милиса омад, вале фаҳмид, ки Абдумаҷидов ба сафари хизматӣ рафтааст ва баргаштанаш номаълум аст. Албатта, интизор шудани ў маъние надошт ва Ҳусейнов ба номи худи Абдумаҷидов гузориши муфассале навишт, ки он аслан ба ҳисобот монанд буд ва сипас ба ошёнаи дуюм баромада гузоришро аз сўрохии дар ба утоқи кори Абдумаҷидов партофта, худ аз пайи кораш рафт…
Соати 23 нозири минтақавӣ дружиначиёни ихтиёри– халқро, ки барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ баромада буданд гусел намуда, сари мизи кориаш нишаст ва ба тартиб додани нақшаву чорабиниҳо барои рўзи дигар пардохт. Дар ҳамин вақт телефон занг заду ў гўшакро бардошт…
– Бале, шинохтам рафиқ майор. – Дигар илоҷ набуд ва ҳамон гузоришро навишта, ба утоқи кориатон партофтам. Не, ман худсарона дигар ягон амалро иҷро накардам. Майлаш, сари субҳ аз пайи иҷрои супориши навбатиатон мешавам,– гўён Ҳусейнов бо Абдумаҷидов худоҳофизӣ намуда, гўшкро ба ҷояш гузошт, вале на он субҳ ва на субҳи дигараш ў Тўйчӣ Ҷалолро дар манзилаш наёфт.

пешина
аз 558
навбатӣ