Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чун ҳамаи хиштҳоро бурдам, пас ба милиса меравам. Бигузор то он вақт Қосими Асад ва он ҷўраи милисаи бевиҷдонаш хуни дил хуранд.
Бо бонги азон ў аз ҷойи бархест, вале соҳибхона сади роҳаш гашта гуфт, ки то як пиёла чой нагирад, илоҷи рафтан надорад. Ниҳоят баъди тановули субҳгоҳи Муҳаммадмўсо ва ҳамсараш ўро то худи истгоҳ бурданд.
Ў нав калид ба сурохии дар гузошта нияти онро тоб додан дошт, ки аз ошёнаи боло ҷавони низомипўше, ки рутбаи сержант дошт, фаромада пурсид.
– Тўйчӣ Ҷалол шумо– ми?
– Ҳа, ман чӣ буд?
– Ҳеҷ гап не, нозири минтақавӣ, лейтенанти калони милиса Ҳусейнов дар берун шуморо дидан мехоҳад.
– Ман аз роҳ омадам, сару либосамро даромада ба тартиб биёрам, ҳозир мефароям.
– Сержант боз чизе гуфтан мехост, вале аз зинаҳо боло омадани Ҳусейновро дида хомўш шуд.
– Шояд моро ҳам ба хона таклиф кунед,– гўён Ҳусейнов ба тарафи соҳибхона барои салом даст дароз кард.
– Марҳамат,– гуфт Тўйчӣ Ҷалол ва ҳамроҳи сержанту лейтенанти калони милиса ба остонаи хонааш қадам гузошт.
Баъди як соат ў аллакай дар милиса дар утоқи кории Абдумаҷидов буд…
Ҳусейнов таклифи соҳиби утоқро барои нишастан рад карда, рухсати рафтан пурсид.
– Чӣ илоҷ модоме вақтатон набошад аз пайи кор шавед,– гўён Абдумаҷидов бо нозири минтақавӣ худоҳофизӣ карда, ба тарафи Тўйчӣ Ҷалол нигариста, ўро низ ба нишастан таклиф кард.
Тўйчӣ Ҷалол ҳам дилу бедилон ба курсии нишондодаи соҳиби утоқ сари по амонат нишаста, гўш ба қимор шуд. Чанд соли охир ў дар диёри хеш бо милисаҳо бисёр рў ба рў мешуд.
Аз лаҳзаи пойи бар замини аҷдодӣ дар фурудгоҳ гузаштанаш, то бунгоҳои бозрасии давлатии автомобилию милисаҳои дар хизмати патрулӣ буда, боре ҳам ба коре вориди бинои милиса нагашта буд. Ин субҳ чи хел ўро аз пеши дари хонааш дастгир намуда, ба ин ҷо оварданд. Бори дигар мешуд шояд қиёматро ба по мехезонд, вале ин субҳ ҳатто ў лом нагуфт, чунки гуноҳи худоро ба ёд овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор