Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Хайрият, ки милисаҳо ҳам мардуми рўзгордида будаанд, дар пеши хонааш шўру валвала набардоштанд. Онҳо тарзе омаданд, ки касе пайхас ҳам нашуд, ки ҳамсояашонро ба милиса бурданд.
Ў ба як гўшаи чашм ба тарфи соҳиби утоқ нигарист ва дилаш шуввӣ кард, мўйи баданаш рост шуд. Охир, соҳиби утоқ дар варақи сафеде харитаи сафари ўро рўйи қоғаз меовард.
Ҳарчанд дар он чизе навишта нашуда буд, вале ў баръало ҳис кард, ки ин харитаи сафари ўст. Дар километри навадучорум ва навадупанҷум ў ҳатто расми автомашинаро ҳам кашидааст.
Чаро ў маро ба гўшаи фаромўшӣ дода, саргарми кори хеш аст?
Ё тавба! Чунинашро ҳам дидем. Ҳарчанд аз лаҳзаи вориди утоқи кори Абдумаҷидов гаштанаш на беш аз даҳ дақиқа сипарӣ шуда буд, вале ба назараш ин интизорӣ ниҳоят тўлонӣ намуд. Майори милиса Абдумаҷидов бошад аз ғаладони мизи кориаш қаламҳои рангаро бароварда, ба нақшаи кашидаи хеш ҳусни нав бахшид. Ў дар ду самт бо қалами рангаи кабуд, расми дарёҳои ба нақша додаашро равшантар намуд. Дар соҳили яке аз дарёҳо расми арчаи яккаро бо қалами сабз зебу зиннат дод. Дар ҳамон минтақае, ки автомашина меистод, аз тарафи рости самти ҳаракати автомашина қуллаи баланд, ки пайроҳае аз роҳи калон ба сўйи он қулла мебурд ва аз тарафи чап ҷари бетаг, ки агар кас афтад, рост дар байни дарёи хурўшон афтиданаш мумкин, ба рангҳои ҳархела шакли аслии хеш гирифтанд. Соҳиби утоқ аз паси расми автомашина расми калидеро ҳам кашида, бе ягон рангу бор дар як тарафаш 32 ва дар дигар тарафаш адади 36 навишт. Дар ин байн соҳиби утоқ боре ҳам сар аз болои қоғаз набардошта, машғули кори хеш буд ва маҳз ҳамин бепрвоии ў ба торҳои асаби Тўйчӣ Ҷалол нохун заданд, магар ки ў инони ихтиёр аз даст дода, аз будани хеш бо сулфае дарак дод.
Соҳиби утоқ як сар бардошта ба тарафи ў нигоҳ кард, вале Тўйчӣ Ҷалол ки чашм аз тамошои расм намеканд, ҳамоно нигоҳашро аз нигоҳи ў гурезонд. Абдумаҷидов дар як лаҳза ҳам бошад фаҳмид, ки расм ба марде, ки баҳри суҳбат даъваташ намудааст, таъсири хеш расонидааст, вале ҳамоно боз аз пайи кор шуда, мусоҳибашро аз нав ба гўшаи фаромўшӣ дод…
Тўйчӣ Ҷалол аз нав боз ба расми кашидаи соҳиби утоқ, ки онро бо қаламҳои ранга оро медод, чашм дўхт. Маҳз ҳамин тобиши рангаҳо вазъи бе ин ҳам бади ўро бадтар намуда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор