Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Бандаро барои он ки понздаҳ дақиқа ҳамроҳатон суҳбат накардам гунаҳкор карданӣ шудеду худатон ҳар лаҳза аз суҳбат саркашӣ мекунед?
– Ҳа. Дарвоқеъ, каме ба фикр рафтам. Чӣ буд суоли охиринатон?
– Пурсидам, ки дар тарабхонаи «Бону» шуморо ба кадом кор музтар карданӣ шуданд.
– Гўё, ки ман кадом як автоматеро пинҳон карда бошам.
– О ман ҳам лаҳзае пеш ҳамаи чизро аз шумо пурсидам– ку.
– Ман ҳам ҳамон ҷавобе, ки ба шумо гуфтам ба онҳо додам.
– Онҳо ба суханони шумо бовар карданд?
– Не. Агар бовар мекарданд, дуюмбора ба суроғи ман намебаромаданд.
– Барои ҳамин шумо аз онҳо гурехта гаштед?
– Чаро мегурехтам. Банда аз пайи рўзгор будам. Аз заводи хишти шаҳр ба Ҳисор барои як мактаб хишт мебурдам ва азбаски супориш таъҷилӣ буд, тайи се шабонарўзи аввал ба хона рафта натавонистам ва боз чор шабонарўзи охир ба айёдати хешу ақрабо ба Деҳбаланд рафта будам.
– Охир аз ин қадар худро азоб додан ҳамон автомати зормондаро медодед беҳтар набуд?
– О бори чандум аст ман мегўям, ки аз мурдани хеш хабар дораму аз автомат не.
– Агар ҳамин суханатонро сад бор ҳам такрор кунед, мо бовар намекунем.
– Модоме ки бовар намекунед, пас аз ин суҳбати беохир чӣ фоида?
– Баҳри мо– ку фоидааш нест, вале баҳри шумо манфиаташ ҳаст.
– Нафаҳмидам.
– Чиро нафаҳмидед?
– Мақсадатонро кушоду равшантар гўед.
– Қонун дар ҳама ҳолат ба шахс имконият медиҳад, ки зарае ҳам бошад гуноҳи хеш пастар намояд ва тавба ба кирдор, ин ягона роҳи гуноҳҳи хеш сабук кардан аст.
– Ҳамин чизро беҳтар буд, ки ба вай милиса мефаҳмондед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор