Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба кадом милиса?
– Ба ҳамон милисае, ки яроқи хизматиашро ба дасти кадом як галабоне додааст.
– Аз куҷо фаҳмидед, ки милиса яроқашро ба дасти галабон додааст?
– О худи ҳамон галабон чӣ буд номаш?
– Қосими Асад.
– Ҳа, Қосими Асад гуфт. Ман ҳамон вақт ҳам ба ҳамон галабон гуфтам, ки нону намаки ҳукумат чунин милисаро кўр кунад. О вай милисаи чӣ гуфтам? Вай милиса не, санги сари қабр ҳам не, балки санги рўйи роҳ аст, санги рўйи роҳ. Ана, агар ҳамон милисаи худозада санги рўйи роҳ намешуд, имрўз ман низ дар ин ҷо наменишастам.
– О, мо– ку шуморо ягон гапи бад нагуфтем, ки ин қадар боиси малоли хотиратон шуда бошад.
– Боз чӣ хел гапи дигар гуфтан мехоҳед? Магар ҳаминаш кам аст, ки маро бе ягон асос аз хонаам пешандоз намуда, ба ин ҷо овардед ва боз муддати якуним соат шумо маро ба ҷону ҳолам намонда, кадом як автоматеро, ки аз марги хеш хабар дораму аз он не ба гардани ман бор карданӣ ҳастед?
– Баръакс, мо некхоҳи шумоем.
– Эй биё монед, рафиқ…
– Майор.
– Рафиқ майор. О, аз ин қадар давр задан дар атрофи кадом як масъалаи ниҳоние, ки дар дил доред, беҳтар мешуд, ки ба сари мақсад биёед.
– Чӣ магар ман аз мавзўъ дур рафтам.
– Ҳа, дур рафтед. Беҳтараш ки…
– Шаф–шаф накарда шафтолу гўям,– ҳамин хел гуфтанӣ будед.
– Ин хел– ку не, вале ба ҳамин маъно.
– Модоме ки худи шумо хоҳони чунин коред гўед, ки шаби
12 ба 13 апрел дар куҷо будед?
– Ба ёд оварда наметавонам.
– Набошад ана ба ин расм нигаред, шояд ягон чизи хеш дар он бубинед,– гўён Абдумаҷидов варақи сафеде, ки дар он расми роҳро кашида буд, назди Тўйчӣ Ҷалол монд.

пешина
аз 558
навбатӣ