Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Саломат бошед, рафиқ лейтенант – гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ва мўйсафедро ба нишастан таклиф намуда, лейтенантро то пеши дар гусел кард. Баъд омада ба курсӣ нишаста, аз аҳволи саломатии мусоҳибаш пурсон шуд.
– Ташаккур бачам, намедонам чи хизмататон будааст, ки бандаро аз ҳамин роҳи дур саргардон карда овардед.
«Худоё наход, ки инаш ҳам аз ягон чиз хабар надошта бошад»,– аз дил гузаронд Абдумаҷидов вале ҳамоно худро ба даст гирифта пурсид.
– Бобо намегўед, ки чанд вақт пеш ба шаҳр омада будед?
Мўйсафед марди ҷаҳондида буд. Ў то худи лонаи фашистон қадам гузошта буд ва боз як умр ҷўёи ҳақиқат буд. Ҳамеша ҷавононро насиҳат мекард, ки дурўғ гуфтан торикии имон аст ва модоме ки милиса чунин суол медиҳад, чи гуфтанашро медонад. Аз ин рў баъди каме андеша гуфт:
– Дар аввалҳои моҳи апрел, вақте ки дўлонаи якка дар ағбаи Харгўшӣ ғарқи гул буд, ба шаҳр омада будам.
«Ана акнун ёбу гир, ки кай он дўлонаи якка дар ағбаи Харгўшӣ ғарқи гул буд», – аз дил гузаронд Абдумаҷидов ва боз пурсид, ки мўйсафед чи хел, бо кадом намуди нақлиёт ба шаҳр омад, шабро дар куҷо рўз кард, оё ў ронандаро мешиносад ва ному насабашро медонад?
Ба доно ишорат ва ба нодон калтак гуфтаанд. Ҳамин қадараш басанда буд, ки ў фаҳмад, гап дар куҷову сухан дар бораи чӣ меравад ва хост харитаи сафари онрўзаи хеш варақгардон намояд, вале соҳиби утоқ узр пурсида лаҳзае берун баромад. Ў ба ин васила ба мўйсафед имконият дод, ки лаҳзае сари кирдори хеш андеша намояд, чунки боварӣ дошт, ки қотили Абдуллои Хокироҳ на ронанда, балки худи ҳамин мўйсафеди роғист.
Абдумаҷидов ёрдамчии навбатдорро ба утоқи кори худ фиристода, худаш аз телефони қисми навбатдорӣ ба муфаттиши прокуратура Сиддиқов занг зада, ўро аз ҳолатҳои кор дар атрофи парвандаи ҷиноятӣ аз рўйи куштори Абдуллои Хокироҳ воқиф сохта гуфт:
– Агар муҳтарам Сиддиқов зид набошанд, мўйсафедро барои пурсиш ба утоқи кории ҷанобашон ҳозир мекардем.

пешина
аз 558
навбатӣ