Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ман мутлақо зидам. Беҳтараш ин ки ман худам ба милиса меоям ва агар пурсиш натиҷаи дилхоҳ диҳад, як ташкилӣ аз ҳисоби шумо.
– Майлаш мо интизор.
Муфаттиш баъди бист дақиқа вориди бинои милиса шуда дар шуъбаи навбатдорӣ Абдумаҷидовро дида пурсид, ки канӣ он мўйсафед?
– Дар утоқи кории ман.
– Танҳо?
– Ҳа танҳо.
– Натарсидӣ ки агар аз тиреза худро ба поён партояд, оқибаташ чӣ мешавад
– Чаро метарсидам. Бечора мўйсафед пой бар лаби гўр мондагӣ.
– Пой бар лаби гўр мондаву ҷиноят кардааст, ҳа?
– Телба нашавед, рафиқ муфаттиш ҳамаи кор вақту соати худро дорад,– гўён Абдумаҷидов ҳамроҳи Сиддиқов аз шуъбаи навбатдорӣ баромада, ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат карданд.
– Ин кас муфаттиши прокуратура Сиддиқов,– шахси ҳамроҳаш бударо ба мўйсафед муаррифӣ кард Абдумаҷидов ва рафта ба ҷояш нишаст. Ёрдамчии навбатдор сержанти калони милиса Бозоров ҳам рухсат пурсида, баромада рафт.
Сиддиқов дар курсии тарафи дигари миз дар рў ба рўйи мўйсафед нишаста, аз ҷуздонаш бланкаи холӣ, протоколи гумонбаршударо бароварда, болои миз гузошт ва ному насаби мўйсафеду соли таваллуду ҷойи аслии зисташро пурсида, ба пур кардани реквизитҳои протокол оғоз намуд. Баъд ба мўйсафед фаҳмонда дод, ки ў дар содир кардани ҷиноят, ки боиси марги шаҳрванди ҷумҳурии Узбекистон Абдуллои Хокироҳ гардидааст, гумонбар дониста мешавад ва ҳуқуқ доред, ки…
– Не, ба ман ҳимоячӣ ҳам лозим нест, барои ба шумо бовар накардан ҳам асос надорам ва умуман ман ягон чизи пинҳон мекардагӣ ҳам надорам. Марҳамат пурсед.
– Ҳамчунин суҳбати мо ба лентаи овоз низ сабт карда мешавад,– гўён муфаттиш ба магнитофони таъмаи «Сони», ки дар болои мизи кории Абдумаҷидов меистод, ишора кард.
– Сабт шавад. Ман зид нестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор