Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ҳайрон мондам, ки наход дар масофаи саду ҳаштод километр ин қадар дидбонгоҳ бошад. Аз ягонтой ин дидбонгоҳҳо барои давлат заррае манфиат набуд. Ҳама баҳри ҷиғилдони хеш кор мекарданд. Назорат, ки нест ҳар кас медонаду дави аспаш.
– Мўйсафед аз мавзўи суҳбат дур рафтед? – луқма партофт муфаттиш.
– Инаш ба шумо маъқул не, ваяш маъқул не, пас аз куҷо гап занам? – шўрида гуфт мўйсафед.
– Давом диҳед? – мўйсафедро ором карданӣ шуд Абдумаҷидов.
– Илтимос, дар вақти сухан гуфтан ба даҳонам санг назанед? – ба тарафи муфаттиш нигариста гуфт мўйсафед ва чун фаҳмид, ки суханаш кора кард саргузашти хешро боз варақгардон кард. Ў нақл кард, ки чи тавр ронанда дар яке аз деҳаҳои сари роҳ шабро гузаронидан хост. Гуфт ки чи тавр ронанда барои гирифтани санги рўйи роҳ баромаду ҳадафи нишони автомати роҳзан гашт. Ба ёд овард, ки чи тавр роҳзан ўро супориш дод, ки фарояд ва чи хел ў палмосида – палмосида яке аз калидҳои дар пеши пояш бударо гирифта, ба остини ҷомааш андохт ва бо кадом азоб фаромада ба назди роҳзан рафт ва боз чи хел гаваккашон аз ҷой исташ то қафои автомашина ҳаракат кард ва бо кадом қувва бо калид ба сари роҳзан зада, ронандаро аз марг наҷот дод…
Гул Набӣ баъди ин давоми саргузашти хеш ба ёд овард ва ду пойро дар як мўза андохта, исбот карданӣ мешуд, ки дар ин ҳодиса ронандаи деҳбаландӣ гунаҳкор нест.
Чун нақли хеш ба поён расонд, боз ба ҳар як суоли муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба таври конкретӣ ҷавоб гуфт.Ба Абдумаҷидов ва Сиддиқов лозим омад, ки саргузашти талхи мўйсафеди роғиро ки писари ягонааш қурбони дасисабозиҳои сиёсатбозон гашта буд, гўш намоянд. Абдумаҷидов ва Сидиқов агар имконият медоштанд худи ҳамон лаҳза мўйсафедро ҷавоб медоданд, вале онҳо чунин ҳуқуқ надоштанд. Лозим меомад, ки ҳар як сухани мўйсафедро аз нуқтаи назари қонун санҷида, ба он дар асоси қонун баҳо диҳанд. Барои чунин санҷиш бошад вақт лозим буд, то ҳар як ҳаракати Гул Набиро дар мавзеи содиршави ҷиноят дар ҳамон хел шароит бо эксперементи тафтишотӣ санҷида бароянд.
Лозим буд, ки мўйсафедро аз экспертизаи рўҳшиносӣ гузаронанд ва боз зарур буд, ки ўро бо ронанда Тўйчӣ Ҷалол рў ба рў намоянд.
Ҳарчанд Абдумаҷидов ва Сиддиқов дар ақидае буданд, ки мўйсафед ҳангоми содир намудани ҷиноят аз ҳади дараҷаи ниҳоӣ набаромадааст, вале ин фақат нуқтаи назар буду бас. Бо як нуқтаи назар бошад ба чунин як парвандаи ҷиноӣ, ки онро аз рўйи куштори шахс (ҳарчанд ў роҳзан ҳам бошад) нуқта гузоштан ғайриимкон буд…
Марги як роҳзан тафтишотро баҳри ёфтани ҳақиқат водор мекард ва акнун ба ғайр аз Гул Набӣ ва Тўйчӣ Ҷалол боз ин парвандаи ҷиноӣ нафарони дигареро низ аз қабили сардори ШКД–и ноҳияи Сайёд Самандари Сармад ва галабон Қосими Асад ба гирдоби хеш мекашид…
Ҳарчанд барои ба ин кор нуқта гузоштан барвақт буд, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД–и ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов дар он ақида буд, ки Абдуллои Хокироҳро нафси бад ба истиқболи марг тела додааст…

пешина
аз 558