Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ин хел бошад сар кардем. Рафиқ майор суоли аввалин аз шумо,– гуфт Сиддиқов.
– Марҳамат карда гўед, ки бори охирон кай, дар кадом вақт ва бо кадом сабаб шумо ба шаҳр омада будед?
– Чӣ хеле, ки дар лаҳзаи аввали ба ин ҷо омаданам, гуфтам ман дар аввалҳои моҳи апрел, вақте ки дўлонаи якка дар ағбаи Харгўшӣ ғарқи гул буд, ба шаҳр омада будам.
– Аз Роғ ба шаҳр бо кадом намуди нақлиёт омадед?– боз пурсид соҳиби утоқ.
– Азбаски дар мулки мо нақлиёти обӣ нест ва тайи чанд соли охир нақлиёти ҳавоиаш ҳам тарки кўҳистон кардааст, бо як автомашинаи роҳгузар омадам.
– Тағмаи автомашина рақами давлаташ?
– Автомашинаи «Камаз», рақами давлатиаш дар ёдам нест.
– Ному насаб ҷойи зисти ронанда?
– Ному насабашро намедонам. Бало пирӣ шавад, вале агар ўро бинам, мешиносамаш. Аслаш аз Деҳбаланд будааст.
– Аз куҷо ва кай ба автомашина шиштед? Кай ба шаҳр омадед? Дар куҷо сукунат варзидед?
– Рўзаш аниқ дар ёдам нест, вале ҳамон рўзе, ки аз хона баромадем то пешин дар таги ҳамон дўлонаи якка истодам. Ду мошини сабукрав ҳам гузаштанд, вале мани мўйсафедро рўйи роҳ, болои ағба дида, ба тарафам нимногоҳе ҳам накарданд.
Хайрият ҳамон ҷавони деҳбаландӣ омаду маро гирифт. Ба шаҳр бошад қарибиҳои субҳи рўзи дигар расидем.
– Дар роҳ чӣ ҳодиса дидед?
– Дар роҳ ҳодисаҳои бисёр дидем. Ҳанўз аз ағбаи Харгўшӣ нафаромада қариб буд, ки автомашина нафареро зер кунад.
Не, ин ҷо айби ронанда ҳам нашуд. Хайрият, ронанда ҳушёрӣ карду тормозро пахш кард, вагарна он ҷавони маст, ки аз кўҳ чун балои ногаҳонӣ пайдо шуд, зери чархи мошин мемонд. Сипас аскарбачаҳоро дидем, ки рўйи роҳ баромада, барои командирашон солярка мегирифтанд
– Аскарбачаҳои ҳукуматӣ?– пурсид муфаттиш.
– Боз кӣ мешуд?
– Инҳояш чӣ лозим? Ба сари мақсади асосӣ биёед, гўед, ки чи тавр бо Абдуллои Хокироҳ вохўрдед?
– Бигузор гапамро гўям. Сабаби ҳамаи бадбахтиҳои мо ҳамон роҳи зормонда шуд, ки сари ҳар қадам дар тергави аскарону милисаҳо ва боз низомипўшони ношинос дучор мешудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор