Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба дил нагир, чун Собирҷон шифо ёбад мо як соати дигар ин ҷо намеистем.
– Исто ки дар Душанбе ҳаво чӣ хел?
– Дишаб барф борид ва ман панҷ – шаш соат дар фурудгоҳ мондам.
– Ин ҷо бошад ниҳоят хунук.
– Муҳимаш ин ки ҳуҷраҳои беморхона гарманд. Хунукии берун бошад аз ҳисоби зимистон аст.
– Анча барвақттар меомадӣ, бо духтари муолиҷавии Собирҷон вомехўрдӣ?
– Чӣ ҳоло имконияти вохўрӣ нест?
– Намедонам.
– Шояд як талош кунем.
– Зид нестам.
Онҳо аз ҷой бархоста, ба қафо баргаштанд ва дар рў ба рўйи даре, ки «Хонаи духтурон» навишта шуда буд, истоданд.
Акнун нав нияти ба дар ангушт задан доштанд, ки марде дар тан хилъати сафед аз ҳуҷра берун шуда Ҷамиларо ҳамроҳи марди ношиносе дида гуфт:
– Агар хатто накунам, дадои Собирҷон ҳастанд?.
– Ҳамин хел аст Анатолий Павлович. – Шинос шавед ин кас дадои Собирҷон.
Духтур ба тарафи Маъруф Остон даст дароз намуда гуфт:
– Ракитский Анатолий Павлович.
– Маъруф Остон.
– Марҳамат гузаред, аз нав дари ҳуҷраи духтуронро кушода Ҷамила ва ҳамсарашро ба даромадан ҳидоят намуд Ракитский.
– Танҳо баъди шумо, – посух дод падари бемор.
– Чӣ илоҷ, – гўён аввалин шуда Ракитский вориди ҳуҷраи духтурон гашт. Дар ҳуҷра каси дигар набуд.
– Анатолий Павлович чӣ мешуд, ки дар бораи вазъи саломатии Собирҷон дадояшро каме ҳам бошад огоҳ мекардед? – риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Ҷамила.
– Чӣ гўям, ҳарчанд вазъи саломатии Собирҷон бад нест, вале бе ҷарроҳӣ имконият нест. Мо ҳама назди қудрати Худованд оҷизем ва танҳо ба мадади ў умед мебандем. Дар ҷарроҳӣ худи профессор Полевой Константин Аркадевич иштирок мекунад.

пешина
аз 558
навбатӣ