Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дасти Константин Аркадевич бошад сабук аст. Ба ман бовар намоед…
Маъруф Остон он шаб ва шаби дигарашро дар остонаи беморхона рўз кард. Суханони тасаллоомези Анатолий Павлович ҳам ўро ором карда натавонистанд. Болои курсии даҳлези беморхона ҳазору як фикру андешаҳо дар майнааш давр мезад.
Аз ҳама беш ў аз он бим дошт, ки пули барои бемори писараш даёфтнамуда пули ҳалол нест ва он чӣ хел буду бо кадом нарх ба даст омада худаш медонисту Худо. Маҳз чун ҳар фарди мусулмон ў сари ҳамин масъала андеша мекард. «Некиро некиву бадро бад расад» ба ёд овард мақоли халқиеро ва вуҷудаш биларзид…
Ў боз симои писарбачаи бемор ва суханони ўро «дадаҷон хайрият омадӣ, вагарна…»– ро ба ёд овард. Не, Собир ҳама суханро бигуфт, вале ў худ қобилияти аз дил гузаронидани дарду алами писарбачаро надошт…
Аҷиб аст сиришти одамӣ чун нек бикунад аз хеш бубинад ва чун бад аз тақдир. На суханони тасаллобахши Ракитский ва на дастони сабуки Константин Аркадевич ҷони ҷавони Собирро ҳифз карда натавонистанд. Вале то он дам боз ду шабонарўз вақт буд ва ҳоло дар ҳуҷраи беморхонаи кардиологии Москва ў ҳамроҳи Собир сари суҳбат буд…
… 14 …
Кори хуб нашуд. Наход кас ба шахси бегона яку якбора тамоми ҳастии хешро ошкор созад. Хайр он чӣ ки дар бораи худозадаи Розиқ гуфтам дарди бахайр буд, вале магар шарт буд сирри нуҳуфтаи хешро бо худораҳматии Маҷнун ошкор кардан. Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки мардҳо аввал андеша намуда пас сухан мегўянд, занҳо бошад аввал сухан гуфта пас андеша мекунанд. Баъди гусели корманди милиса Садорати Ҷумъа маҳз сари суханони хеш дар бораи ишқварзиаш бо муҳофизи шавҳар андеша кард ва ҳамоно ба ёд овард, ки сухани аз забон баромада мисли оби рехта ва ё шишаи бишкастааст, ки онро дигар имконияти пас гирифтан нест. Кори хуб нашуд…
– Шояд маро он милиса девона пиндошт? – Не, агар девона мепиндошт ҳаргиз суол намедод, ки наход шахс бо қотил падару бародаронаш сар дар як болин монад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё