Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Хуш, дар ин ҷо чӣ мекобӣ? – бо ҳамон ҳавобаландӣ гуфт Вайс Тошмат сарвари он дармонгоҳ.
Насим ҳарчанд бемор буд, вале худро ба даст гирифта пурсид:
– Ба фикрам ин дармонгоҳи давлатист?
– Давлатист ё не ба ту чӣ фарқ дорад? Ҳоло ман ин ҷо хўҷаин.
– Инашро – ку фаҳмидам, вале бояд ба ёдат биёрам, ки аз рўйи ҳамин дурўягиат ду маротиба саратро ба г… зада буданд.
– Даматро гир нашъаҷалоби лаънатӣ, – шўрида рафт сардухтур.
– Ман аз нашъаҷалобии хеш шарм намедорам, чунки зиндагӣ маро маҷбур кард, вале ту нокас дар замони дар деҳа сардухтур буданат барои нафъи хеш нисфи ҳамдеҳагонро фурўхтӣ.
– Даматро гир мегўям!
– Чӣ дамамро мегирифтам, ман аз ту муттаҳам қарздорам?
Канӣ гап зан, лаънатӣ, – аз гиребони сардухтур бигирифт Насим ва ҳамон ҷо ҷанҷолу харшаха сар шуд. Вайс кормандони беморхонаро ки дуртар аз ў буданд ба ёрӣ даъват карда рўйирост Насимро туҳмат карданӣ шуд, ки вайро бе ягон асос дашномҳои қабеҳ додааст. Ана, дар ҳамон лаҳза Насим тарсид.
Аз Вайс не, балки аз туҳматҳои вай тарсид. Фаҳмид, ки ин бачаи шайтон ба ҳар пасту палиди қодир аст… Модоме ки як деҳа мардумро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ба мухолифин ва ҳам ба аскарони ҳукуматӣ фурўхт як Насим, ки боз доғи судӣ дорад баҳри ў чӣ қиммате дорад. Муносибати Вайсро дар ҳамон лаҳза Насим дар тарозу ақл баркашид ва ба ёд овард, ки ҳангоме ки ўро барои дурўягиаш аз кор ронданд Насим хандида буд… Шояд ҳамон ханда он рўз боиси сар задании хархаша шуд…
Вайс ба нафаре супориш дод, ки ба милиса занг зананд.
Панҷ дақиқа нагузашта, дармонгоҳро ҳомиёни қонун гирд карданд ва авбошро доштанд. Вайс ҳамоно аз болои авбош ариза навишт ва милисаҳоро, ки Насимро барои авбошиаш аллакай ба автомашина бор карда буданд, дастҳо пеши бар гусел кард.
Насим дар ҳақиқат бемор буд ва баробари ба милиса овардани ў таъбаш гурехт ва милиса ба ў имкон дод, ки ба хешу ақрабояш занг занад. Насим аз ҳамин фурсати муносиб истифода бурда ба Ҳотам Илёс занг зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё