Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Расо баъди даҳ дақиқа автомашинаи муовини сардори раёсати милиса Ҳотам Илёс дар рў ба рўйи ШКД ноҳияи Гулистон қарор гирифт ва дар ҳолате, ки духтур набзи бемори авбошро месанҷид навбатдор аз курси парида хест ва бо полковники милиса гузориш дод.
– Худаш чӣ гап? – пурсид Ҳотам Илёс.
– Ин касро дар асоси аризаи сардухтури дармонгоҳи рақами… барои авбошиаш дастгир намуда оварданд,– гўён навбатдор полковники милисаро аз рафти воқеаҳои рухдода огоҳ кард.
– Оё гуфтаҳои нозири қисми навбатдорӣ дурустанд? – ба тарафи ў нигариста пурсид Ҳотам Илёс.
– Ман асли воқеаро ба милиса гуфтам, вале бовар накарданд.
– Акнун асли воқеаро ба навбатдор гуфта медиҳӣ, – гўён Ҳотам Илёс аз бинои милиса берун шуд…
Дигар чӣ шуду чӣ не Насим Ёдгор нафаҳмид. Ҳаминашро фаҳмид, ки Вайс Тошмат омада аризаашро талаб карда гирифааст ва сабабшро ҳам гуфта додааст, ки бо Насим Ёдгор хешу табор аст. Милиса ҳам гўё ҳамин ҳолатро интизор будааст, ки Насимро як соат пас аз рафтани Ҳотам Илёс ҷавоб додаанд.
Баъди аз милиса баромадан Насим ба Ҳотам Илёс занг зад, охир ў метавонист занг назанад. Рафту агар Ҳотам Илёс намешуд ў барои авбошии нокардаи хеш ҳам ҷазо мегирифт, чунки ў рўйирост пишаки ҳамдеҳашаро пиш гуфт. Охир ў бояд фаҳмад, ки Вайс чӣ кас аст. Не, ўро кас ҳам гуфтан нашояд, чунки ў нокас аст, нокаси гузаро ва баҳри манфиати шахсии хеш ба ҳама кор қодир… Саргузашти ў боиси ибрат нест, ҳар ончи ки ў дар зиндагӣ дид тавба накард ва боз мисли ҳамон саг аз г…намонд, ки намонд.
– Ин ман Насим.
– Ба идора биё.
– Хуб шудааст, – гўён Насим гўшакро ба ҷояш гузошт.
Чун ў ба дафтари кории Ҳотам Илёс ворид шуд, Вайсро он ҷо дид.
– Ҳамааш айби худаш шуд, агар аз номи шумо рафиқ полковник гап мезад ба хотири шумо ман ҳаргиз аз болояш ариза наменавиштам, танҳо ба хотири шумо рафиқ полковник.

пешина
аз 558
навбатӣ