Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбон фикру андешаи хешро дар бораи сурудхонии фарзанди падар баён кард.
– Сода будаед, акаи Сорбон. Оё месазад, ки моро аз шунидани сурудҳои аслӣ маҳрум созед? – гуфт Малоҳат.
Умуман, ҳамсояҳо ҳам мафтуни овози Наҷиб буданд ва Наҷиб ҳам андозаи хешро дар сурудхонӣ медонист. Хоҳиши ҳамсояҳо буд, ки Наҷиб суруд хонад ва ў дар як соати муайян ҳар шаб се – чор сурудро месуруд. Ҳамсояҳо ҳамчун аъзоёни жюрӣ дар маҳфили ў буданд ва баъзан баҳри хуштару гуворотар садо додани овозаш маслиҳат ҳам медоданд. Чун суруд поён ёфт Сорбон ба дари ҳуҷраи бародар ангушт зад.
Баробари ўро дидан бародаронаш ба истиқболаш бархестанд ва гарм вохўрӣ намуданд. Акнун онҳо чор бародар сари як дастурхон нишастанд ва аз аҳволи ҳамдигар пурсон шуданд.
Ҷомӣ дар синфи даҳум мехонд ва омадани ў дар давоми соли хониш барои бародари калонӣ ҳанўз муаммо буд. Асрори ба шаҳр омадани Ҷомиро ба гўши бародараш янгааш Умеда расонд. Ҷомӣ бо сабабҳои объективӣ ба шаҳр омада буд ва Шукрихудо дар ин сафар ўро ҳамроҳӣ кард. Сорбон аз омадани бародаронаш ниҳоят шод шуд. Ў сари суҳбати бародарон нишаста ҳама он андешаҳои бе сару нўгро дар атрофи марги Розиқ Амон ва нафрати ҳамсараш аз майнааш дур кард. Аниқтараш худи андешаҳои бесару нўг дигар майдони ҷасту хез наёфтанд…
Сорбон то дер гоҳ ҳамроҳи бародарон суҳбат кард. Бо хоҳиши онҳо Наҷиб боз чандин сурудро бо овози пасттар аз ашъори Ҳилолӣ ва Лоҳутӣ замзама намуд. Посе аз шаб гузашту маҳфили бародарон анҷом наёфт ва худи Наҷиб бо суруди «Боз як рўзи ғаму шодӣ гузашт» – и устод Лоиқ ба анҷумани бародарон хотима бахшид. Сорбон ҳам ба ҳуҷраи хобаш гузашт…

… 17 …

Ним соат Ҳотам Илёс дар ҳаммом худро зери оби ширгарм
гирифт, риш тарошид ва ба қавле ҳама хастагии хешро рафъ
сохт. Аз он чӣ ки зимистон омаду онҳо ба манзили нав кўчида
натавонистанд, гуноҳи ў ҳам набуд. Дар ин як сол ҳамаи даромади хешро сарф кард, вале чӣ илоҷ ки пулҳо тамом шуданду сохтмон не.

пешина
аз 558
навбатӣ