Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан муҳандиси лоиҳа худи Ороста буд. Ў бисёр мехост, ки хонаи сохтаи онҳо аз хонаи генерал майори милиса Бурҳон Сафар, ки устоди шавҳараш буд кам набошад. Дар асоси фикру дархостҳои ҳамсар сохтмончиён дар тарҳрезии бино, ҳавлии устодашро чун намуна ба инобат гирифтанд…
Ҳотам Илёс дар як ҳафтае ки пулҳо дохили қуттии ранг дар таҳхона буданд, қариб хобу хурро ба гўшаи фаромўшӣ дода буд. Маҳз ҳамин ҳолатро ҳамсараш Ороста, ки духтури рўҳшинос буд, дарк карда, нисбат ба таъби ноҷури шавҳар изҳори нигаронӣ намуд.
Чун Ҳотам Илёс таги як ҳафта аз ягон тараф хатареро ҳис накард, ҳамсарашро бо асли воқеа чунин огоҳ кард.
– Очаи Камол як амалиёт ҳаст, аниқтараш ҳастанд нафароне, ки ба ивази коре тайёранд ба ман саду панҷоҳ ҳазор доллар диҳанд. Ба ростӣ дар як ҳафта ман сари ҳамин масъала андеша дорам, намедонам пешниҳодашонро қабул намоям ё не.
Фикри туро дар ин бора донистан мехостам.
– Саду панҷоҳ ҳазор доллар гуфтӣ? – пурсид зан.
– Ҳа, саду панҷоҳ ҳазор.
– Оё худат ягон хатареро ҳис намекунӣ?
– Чӣ хел хатар?
– Хатареро ки ягон нотавонбин ин корро ташкил накарда бошад?
– Не ин корро ба ҷуз ман ва ҳамоне, ки пешниҳод намуд дигар касе намедонад.
– Агар хатто накунам, бояд худат ҷиноятеро рўйпўш созӣ.
– Ҳа, ҳамин хел аст, вале илтимос аз ман напурс, ки он чӣ ҷиноят аст.– Майлаш, вале ман дар ин бора ба худат маслиҳат дода наметавонам. Хуб мешуд, ки ҳама тарафҳои корро дар мизони ақл бармекашидӣ ва маро ба ин кор шарик намекардӣ.
– Охир тасаввур намо, ки ман он саду панҷоҳ ҳазор долларро гирифтам, вале чӣ тавр онҳоро аз шумо ҷонакам пинҳонӣ истифода мебарам.
– Дадои Шаҳноз о кадом одами солимақл аз пули бедардимиён рўй гардонидааст?
– Яъне ки ту розӣ?
– Ман ин хел нагуфтаам.

пешина
аз 558
навбатӣ