Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Моҳе пештар Шерзамон апа ва язнаашро ҳушдор сохт, ки барои корҳои сохтмонӣ боз даҳ ҳазор доллари дигар лозим.
– Хуш, мардак чӣ кор мекунем? – пурсид зан.
– Дар айни вақт мо ин маблағро ёфта наметавонем. Ба замми ин пой бар остонаи зимистон мондаем. Дар зимистон бошад давом додани корҳои сохтмонӣ маъние надорад, то баҳор бошад Худо подшост…
– Шерзамон ту чӣ фикр дорӣ? – пурсид зан аз бародараш.
– То андозае ҳақ ба ҷониби язнаам аст.
Ороста дигар чизе нагуфта ва чун шавҳар ин субҳ бо риши тарошида аз ҳаммом берун шуд гуфт:
– Дадои Шаҳноз ин зимистон ҳам мисли барфҳояш бехайр аст, ҳеҷ дар фикри сохтмон ҳастӣ?
– Тоқат намо занак.
– Тоқат намудан кори мо занҳост, вале чӣ хеле ки мегўянд ба умед чоруқи анбунӣ пота дар хор намунӣ.
– Намемонам, намемонам.
Онҳо ҳарду ба ошхона гузаштанд ва сари тановули субҳона боз хело суҳбат намуданд. Соати 0720 дақиқа ронанда аз омадани хеш хабар дод ва Ҳотам Илёс, ки аллакай омодаи сафар буд, бо ҳамсараш хайрухуш намуда, аз зинаҳо ба поён рафт. Ҳарчанд ў қариб якуним маблағи сохтмонро аллакай дар бар дошт, вале дар ин бора ба Ороста сухане нагуфт. Ҳама корро вақту соаташ ҳаст ва Ҳотам Илёс боварӣ дошт, ки то кунун он вақту соат фаро нарасидааст…

… 18 …

Чун рўзи аввали баъди содиршавии ҷиноят Фирдавси Ҳаким дар интизори ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид рўзро бегоҳ карду капитани милиса аз хеш дарак надод.
Субҳи рўзи 10 декабр муфаттиши прокуратура пеш аз ба ҷойи кор рафтанаш сараввал ба милиса даромад. Новобаста аз он ки ў каме барвақттар аз хона баромада буд, вале баробари вориди бинои шуъбаи корҳои дохилӣ шудан фаҳмид, ки Сорбони Ҳомид аллакай дар ҷойи кораш аст. Фирдавси Ҳаким ба ошёнаи дуюм баромада, ба дари дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ангушт зад.

пешина
аз 558
навбатӣ