Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Марҳамат гузаред, – шунид ў овози соҳиби утоқро ва дарро кушода пой бар остона гузошт.
Сорбони Ҳомид ҳатто палтояшро накашида сари мизи корӣ менишаст аз авзои ў Фирдавси Ҳаким пай бурд, ки дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба «шарофати» кори шаҳрдорон ва идораи хоҷагии коммуналӣ чун худи дафтари кории ў зиндонро мемонад.
– Ба фикрам хунукӣ таъсир кардааст, – авзои соҳиби утоқро дида баъди салому алек пурсид муфаттиш.
– Таъсир ҳам гап шуд, ба мағзу устухон медарояд.
– Дар мо ҳам ҳамин хел. Дирўз бо азобе то анҷоми кор тоқат намудам.
– Ҳамааш аз касофати онҳоест, ки бо чормағзи пук бағали мардумро пур карданд.
– Худо аз ин бад накунад…
– Омин!
– Дирўз омадани шуморо хело интизор шудам, ақаллан як маротиба ҳам занг назанед.
– Бо ҳамсари Розиқ Амон суҳбат намудам.
– Хайр чӣ мехонад?
– Ў аслан аз ҳодисаи рухдода хурсанд аст.
– Бовар намекунам.
– Ихтиёратон, вале ман ўро напурсидам.
– Чаро?
– Чунки бо вай суҳбати расмӣ мебояд.
– Фаҳмидам ва боз фаҳмидан мехостам, ки дар бораи он ду нафаре ки аз паҳлуи бинои 24/5 кўчаи Хуросон гузаштанд, ягон маълумоте ба даст овардед?
– Не, вале ин тарафи корро Қурбон Дўст ба душ гирифт…
– Дирўз бегоҳӣ маро шеф (прокурор дар назар аст) ба наздаш хонд ва ним соат ба гўшам ваъз гуфт.
– Ман мефаҳмам.
– Магар фаҳмидан ҳали кор аст?
–Не албатта, вале ба ҷуз соҳиби мол дузд ҳам Худо мегўяд.
Дуои кадоме аз онҳо мустаҷоб мешавад, мо намедонем.
– Имрўз чӣ нияту андешаҳо доред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё