Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳар он ки чӣ ки аз дастамон омад мо иҷро намудем, – паст наомада гуфт муфаттиш.
– Магар ҳамин ҳам кор шуд, ки аз се парвандаи дар истеҳсолот буда, дар ягон тоаш пешравӣ дида намешавад.
– То ҷамъбасти сол ҳоло вақт ҳаст, рафту…
– Вақт аз куҷост? Дирўз прокурори шаҳр боз сари мақолаи ҳамон рўзноманигори худозада, чӣ буд номаш?
– Маъруф Остон.
– Ҳа, худи худаш. Прокурори шаҳр боз сари ҳамон мақолаи «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…» баргашт. Ў супориш дод, ки то охири сол дар ин самт мо бояд аз натиҷаи кори хеш ҳисобот диҳем.
– Ба фикрам ин ягон душворие надорад.
– Чӣ хел душворӣ надорад?
– Ҳамин хел оддӣ. Охир дар худи мақола омадааст, ки танҳо дар як кўчаи Баҳор тайи ду соли охир зиёда аз бист бинои қасрмонанд қомат рост кардаанд. Оё намешавад, ки хабари рўзноманигорро чун асос ба инобат гирифта, сари ҳамин масъала баргардем.
– Рафиқ муфаттиш, худат гумон дорӣ, ки мо инро наме– фаҳмем?
– Ман ягон гумон надорам, шумо ҳамаашро мефаҳмед ва на танҳо мову шумо, балки фарроши рўйи роҳ ҳам аз мавҷудияти коррупсия огоҳ аст.
– Пас чаро мубориза намебарем?
– Ана ҳаминаш барои ман муаммост.
– Маълум, ки худи шумо ҳам мисли он рўзноманигор, чӣ буд номаш?
– Маъруф Остон.
– Ҳа, Маъруф Остон, андешаронӣ мекунед.
– Ба фикрам рўзноманигор ҳақиқати ҳолро гуфтааст.
– Балоро гуфтааст. Ў ҳатто дарк накардааст, ки он қасрҳои кошӣ ба кӣ дахл доранд?
– Баръакс, Маъруф Остон ҳамашро нағз дарк намудааст ва мехоҳад, ки мо қилро аз хамир ҷудо намоем.
– Ин ба гуфтан осон.
– Чӣ хел?

пешина
аз 558
навбатӣ