Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Андеша хуб аст, вале ба ақидаи мо ҳодисаи мазкур ҳам аз коррупсия реша гирифтаст.
– Бовар намекунам.
– Ихтиёратон, вале фаромўш накунед, ки коррупсия низ чун деви ҳафтсар аст ва чун онро сар занӣ сари дигаре бархезад.
То андозае ў инро мефаҳмид ва аз ин рў, баҳсро бо қалби хеш раво надид. Бубин, ки як сухан ўро то ба кадом андешаҳои пурпечу тоб бурд.
– Хўҷаин шуморо мепурсад, – дарро кушода аз остона муфаттишро огоҳ намуд котиба.
– Ҳозир меоям.
Котиба дигар ҳарфе ба забон наоварда, дарро пўшид.
Фирдавси Ҳаким сари суханони гуфтаи котиба, ки забони луғавиаш ниҳоят бою рангин буд, дармонд.
Ситора (котибаро чунин ном буд) ҳар рўз ба прокурор лақаби нав меёфт, «шеф», «братишка», «акамон», «аждаҳои давр», «Спитамен» ва номи нав «хўҷаин». Ҳар як ном ба табъи ҳамонрўзаи прокурор вобастагӣ дошт ва чун номи хўҷаин қариб, ки номи расмист Фирдавси Ҳаким ба хулосае омад, ки Ситора ўро огоҳ намудааст, ки таъби сарнозири қонун болида нест.
Ў дафтари қайдҳои хешро бигирифт ва лаҳзае пас бо рухсати Ситора ангушт ба дари сарнозири қонун зад.
– Хуш, канӣ гузашта шин, – гуфт прокурор ва айнакашро бо ангушташ каме болотар бардошта, аз нав чашм ба қоғази рўйи миз бурд…
Муфаттиш низ дилу бедилон дафтари қайдҳои бо худ овардаашро варақ задан гирифт.
Ниҳоят прокурор айнакашро аз чашм гирифта, болои мизи кориаш гузошт ва оид ба дар кадом марҳила қарор доштани парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолот будааш пурсон шуд.
Фирдавси Ҳаким асли воқеаро оид ба парвандаҳои дар истеҳсолот доштааш баён сохт.
– Модоме ки имконияти ягон парвандаро ба суд фиристодан набошад, беҳтар мешуд, ки онҳоро намак карда ба соли дигар мегузаронидед.

пешина
аз 558
навбатӣ