Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ў низ лаҳзае ба андеша рафт. Бубин, Сарвиноз то ба кадом андоза нақши хеш бозидааст. Замоне ў суханони Гулбарги Одинаро ба гўши Ҳотам Илёс расонд ва бо иҷозаи вай боз ҳамин суханонро ба гўши Насим, чунки Ҳотам Илёс Насимро имтиҳон кардан хост, то бифаҳмад ўро хоҷаи дигаре ҳаст ё на.
Баъди ду соати гирифтани хабар Насим аз номи худ хабарро дар бораи таҷовуз ба номуси духтараки понздаҳсола, ки ному насаби ҳам ҷинояткор ва ҷабрдидаро Сарвиноз ба ў хатто гуфта буд, нарезондаю начаконда ба гўши акаи қиёматиаш расонд.
Чун Сарвиноз ба дили Насим пайкони муҳаббатро гузошта буд ва Насим ўро аз ҳама гуна хатар эмин доштан мехост, таклифи ҷавонро дар бораи аз «Олами роз» рафтан ба гўши муовини сардори РКД чун рухсати «боло» (Ҳотам Илёс дар назар аст) – ро дар ин бора бигирифт, рўзи дигараш Насимро огоҳ сохт, ки омодаи амри ўст…
Ду моҳ пеш Сарвиноз ҳамроҳи Ҳотам Илёс ба сауна рафт ва бори дигар собит сохт, ки полковники милиса чун ў масажисткаеро нахоҳад ёфт. Он чиро ки аён буд ба баёнаш ҳоҷат намонда ва гоҳ– гоҳ бо амри «боло» ў ними бистари Насимро ҳам гарм мекард. Сарвиноз худро тарзе вонамуд мекард, ки аз гузаштаи Насим дарак надорад ва вайро дар тасаввури хеш корманди милиса мепиндошт. Ҳамаи ин амалҳоро ў аз Ҳотам Илёс омўхта буд ва бо амри ў амал мекард. Чун Сарвиноз гоҳ – гоҳ ними бистари Ҳотам Илёсро гарм мекарду гоҳ – гоҳ ними бистари шогирдро чӣ тавр сарторик шуданашро худаш ҳам нафаҳмид. Ду ҳафта пеш ў дар ин бора бо Ҳотам Илёс суҳбат дошт. Дирўз Ҳотам Илёс ўро ба тарабхонаи «Табассум» даъват кард. Чун Ҳотам Илёс ба додархондаш супориш дода буд, ки то занги ў аз кулбааш берун нашавад, тайи як соати рўзи 9 декбар аз соати даҳ то ёздаҳ дар тарабхонаи мазкур сари наҳории субҳгоҳӣ нақшаи амалиёти минбаъдаро кашиданд ва духтарро ки дар батнаш тифл дошт ба кулбаи Насим фиристод.
Имрўз бошад дар вақти таъиншуда ў ба Насим занг зад ва ўро ба «Олами роз» ба вохўрӣ даъват кард. Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ гуфтанӣ барин он духтури дурўяи ҳамдеҳаи Насимро низ баъди ним соат аз омадани Насим ба «Олами роз» таклиф намуд. Ў аз духтур хоҳиш кард, ки варақаи корношоямии Насимро ҳам бо худ биёрад. Дар ин бора ў бо Сарвиноз аниқ маслиҳат намуда буд. Дар ҳолате, ки Насим барои издивоҷ бо Сарвиноз розӣ мешуд, духтурро аз рафти воқеаҳо огоҳ кардан лозим набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё