Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар акси ҳол баҳри аз варта берун овардани Насим ў ҳамдеҳаи бевиҷдони Насимро бояд ба рафти воқеаҳо шинос мекард ва аз ў барои додархондаш ёрӣ мехост. Ҳотам Илёс бовари дошт, ки сардухтури поликлиника Вайс Тошмат баҳри дар курсии мансаб монданаш ба ҳама гуна пастию палидӣ розӣ мешавад ва тифли Сарвинозро низ бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз батни ў мегирад…
Пешхизмат таом овард. Чун ў бо кабобу шароб ва харгуна хўришҳо болои мизро орост Ҳотам Илёс худаш соқӣ шуд.
Баъди бардоштани як – ду пиёлагӣ аз оби ноб Насим сархуш риштаи суханро ба даст гирифт ва дар бораи муҳаббати хеш бо Сарвинози Зоҳир гап заду гап.
– Боз нашаваду банда ба хостгори раваму ту аз гапат гардӣ?
– Худатон медонед– ку ако сухани мард якто. Сухани ман дар ин бора мех барин.
– Модоме ки чунин аст, худат суроғаи маҳбубаатро ба ман деҳ. Худи фардо ман ба хостгорӣ меравам.
– Кўчаи Ҳосилот, бинои 66, хонаи 18.
– Ассалому алейкум рафиқ полковник, сардухтури поликлиникаи рақами… ки ним шаҳрро хизмати тиббӣ мерасонад бо амри шумо ҳозир шуданд.
Насими сархуш суханони ҳамдеҳаи дурўяашро шунида хомўш шуд.
– Марҳамат шинед, – ғуфт Ҳотам Илёс.
Вайс ба сари миз нишаста гуфт:
– Эҳа, ин Насимҷон ҳам ҳамин ҷо будааст– ку ва аз ҷайбаш лифофаеро бароварда ба дасти Ҳотам Илёс дод…
… 20 …
Мақоли халқии «Модар чӣ гуна духтар намуна» – ро
баъзеҳо дар шакли конкретӣ ташбеҳ медиҳанд, ки ин мутлақо
нодуруст аст. Ҳама гуна мақолу зарбулмасалҳоро дар шакли
кулл бояд ташбеҳ дод ва ҷовидон мондани онҳо низ тайи асрҳо
ҳамин ташбеҳи кулл аст. Сорбони Ҳомид тайи солҳои дар милиса кор карданаш бо бисёр кормандоне, ки танҳо ба ном милиса буданд, вохўрд. Хушбахтона, чунин нафарон ангуштшумор буданд, вале буданд ва боз дар мақомоти милиса соҳиби мансабу вазифаи баланд буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё