Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд вазъи уқоб ҳам аз сайдаш беҳ набуд, вале ў ҳама суханони онеро, ки тану нафси хешро лаҳзае пеш баҳраш арзонӣ дошт, ба ёд гирифт…
Соате пас ҳарду аз он манзил берун шуданд, дурусттараш аввалин шуда зан он кулбаро тарк кард ва каме дертар мард.
Тайи ҳамин муддат ў ҳама гуфтаҳои Сарвинозро дар тарозуи ақл баркашид ва ба хулосае омад, ки аз ошкор кардани ин ҷиноят суде нест. Хост ба назди ҷинояткор биравад, вале донишу таҷрибаи андўхтааш сараввал вохўрии ўро бо ҷабрдида талаб карданд. Ҳарчанд ў қоғазу қалам ба даст нагирифту ному суроғаи ҷабрдидаро нанавишт, вале ҳамаи инро баробари аз забони нотиқ бурун омадан ба катакчаҳои майнааш ҷо ба ҷо намуд.
Ду соат пас Ёсумани Набот аллакай дар дафтари кориаш буд ва бо истифодаи воситаҳои техникии дар ихтиёраш буда, ў ноаён нишондоди ҷабрдидаро ба лентаи овоз сабт кард. Ў ки таҷрибаи калони корӣ дошт бо ҳар роҳу восита аризаи ҷабрдидаро аз болои ҷинояткор, ки ному насабашро намедонист, вале дар асл агар дучор оядаш мешинохташ, бигирифт. Муҳим он набуд, ки Ёсуман ному насаби ҷинояткорро намедонад, кию чӣ кора будани ҷинояткорро полковник Ҳотам Илёс аллакай медонист, муҳим он буд, ки Ёсуман нишонаи махсуси ҷинояткорро гуфт:
– Дар масофаи як ваҷабу се ангушт болотар аз зонуи пойи чапаш ду холи сиёҳе, ки яке аз дигаре тахминан ду – се сантиметр дуртар ҷойгиранд, – гуфт ҷабрдида.
Маҳз ҳамин нишона зарбаи аввалине буд, ки бегоҳи ҳамин рўз ҳангоми ташриф ба дафтари кории Розиқ Амон ва гуфтушуниди хоса мудири бонкро ба ҷояш шинонд. Чун аз воқеа ҳамагӣ ду рўз гузашта буд, полковники милиса гуфт, ки собит кардани гуноҳи мудир душворие надорад…
Дузду ғар ҳама номарданд ва мудири бонки «Кишоварз»
ҳам истисно набуд. Ў дар он лаҳзаҳо боварии куллӣ дошт, ки худи ҷабрдида бо ариза ба милиса муроҷиат кардааст. Ҳарчанд ҷабрдида дар аризааш оварда буд, ки ному насаби ҷинояткорро намедонад, вале ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чӣ тавр шахсро аз рўйи ду холе, ки дар ҷойи ниҳоят нонамоёнанд, ошкор намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё