Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Бовар намекунам.
– Зинда бошем, мебинем ва ман ҳамон вақт боз ба худат салом хоҳам дод. Масъалаи ба хостгорӣ рафтанро бошад, ман фардо худам ҳал мекунам. Дар воқеъ, вазъи кор бад, барои ҳамин туро ба ин ҷо ҷеғ задам. Ман афсўс бар он мехўрам, ки рўзноманигорро ба Москва фиристодед?
– Охир ин амри худи шумо буд.
– Медонам. Афсўс, ки сухани аз забон баромада, тири аз камон ҷастаро мемонад. Вале мо ҳарду агар чорае наандешем як – ду рўз пас зиндонӣ мешавем.
– Чӣ хел зиндонӣ?
– Ҳамин хел оддӣ. Аз рўйи хабарҳои гирифтаи ман нафаре қотилро дидааст.
– Чӣ хел дидааст? Охир ҳеҷ кас дар гирду атроф набуд. Дар пеши лифт ҳам касе набудааст.
– Дар назари худат. Дар асл бошад, духтараки шонздаҳсолае аз тирезаи ошёнаи якум рўзноманигорро дидааст, ки чӣ тавр соати 17.55 дақиқа вориди бино шудааст ва боз баъди се – чор дақиқа аз он ҷо берун шудааст. Ин танҳо як тарафи кор аст.
Аз ҳама хатарнокаш он ки ў рўзноманигорро ҳатто шинохтааст.
– Чӣ хел шинохтааст?
– Ҳамин хел оддӣ. Чунки холааш дар биное зиндагӣ мекардааст, ки он рўзноманигори бешараф иқомат доштааст. Чун ў гоҳ – гоҳ ба аёдати холааш мерафтааст, «дўст» – и моро ҳам дида будааст.
– Акнун чӣ мешавад?
– Аз рўйи маълумоте, ки ман дар даст дорам, ў бояд фардо субҳ ба милиса равад. Аслан ў ҳамин рўз мерафтааст, вале яке аз дўстони банда ўро аз ин роҳ боздоштааст. Гуфтааст, ки дар ин бора бо калони милисаҳо, яъне бо ман суҳбат мекунад ва агар калон лозим шуморад, ўро худаш ба милиса ҷеғ мезанад.
– Набошад ўро ҷеғ зада ба ҷояш шинонед, то дамашро гирад.
– Эй Насим, Насим, мебинам, ки то ҳоло ҳам зиндагиро дуруст дарк накардаӣ. Охир, нашунидаӣ, ки бузургони мо чӣ гуфтаанд?
– Чӣ гуфтаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё