Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

сӯхтор ба амал омадааст. Як дафъа кӯдаке афтида мағзи сараш зарб хӯрда буд. Инак, фурсате расида, ки дар бозори инсонигарӣ виҷдонфурӯшиву дурӯғгӯии ин ашҳос дар авҷ аст.
Ҳар касе ҳақиқатро инкор мекунад, шаке нест, ба будани Худованд ширк оварад ва ваҳдонияти ӯро инкор созад. Эшон дидаву дониста, дар рӯзи равшан дурӯғ мегӯянд, ҳатто аз дурӯғгӯӣ рӯяшон аз шарм сурх намешавад.

Ҳайф, ки "Ал каззобу ло умматӣ" (дурӯғгӯён аз уммати ман нестанд)-и ҳадиси Паёмбари мурсал (с)-ро намедонанд.
Донанд ҳам онро ба таври шояду бояд инкор мекунанд.

Дар кӯдакистон ҳаштод фисади тарбиятгирандагон фарзандони миллати тоҷиканд. Танҳо бист фисад ғайритоҷиканд, ки ба "туфайл"-и ана ҳамин бист фисад дигар кӯдакон чӣ гуноҳ доранд, ки эшонро иҷборан бояд дар рӯҳияи ғайритоҷик парвариш дод? Ман хуни ҷигар хӯрдам то он замоне, ки ҳашт гурӯҳро ба пуррагӣ тоҷик кардам. Ман-манӣ пешаи шайтон бувад. Ин ҷо ман намегӯям. Аммо ҳақиқати ошкор ва маҳз аст, ки дар сари кор будани ман ороиши тамоми боғча бо ҳуввияти миллӣ бори аввал ороишро дид. Ин ман будам, ки тӯли 70 соли салтанати шӯравӣ дар ин кӯдакистон ба ҷои баю-бай суруди аллаи миллии тоҷикӣ садо дод. Бори аввал "Ватанам СССР"-неву садои "Тоҷикистони озоди ман"-ро кӯдакон замзама карданд. Ин қадар солҳои шӯравӣ кӯдакистони №39 дар озмунҳо ягон бор ҷойҳои намоёнро нагирифта буд, ҳангоми сарвар будани ман дар озмун бо созу навои миллӣ, бо шеърҳои шакаррезу ноби форсӣ ва баромадҳои сар то по миллӣ дар озмуни ноҳиявӣ кӯдакистон ҷои аввалро соҳиб шуда, мураббияи беҳтарини солро мураббияи кӯдакистони №39 Карима Бадалова гирифт.

Чаро инро дар маърӯзаҳояшон гуфтан намехоҳанд? Ба ман
ин чиз ҳам алами сахт нарасонид. Алами дардовар он буд, ки
Солиеву Тӯхтаеву Эшонов ба дастури бо хуни ҷигар таълиф
кардаам "Хишти аввал" часпиданд. Ин дастур аз ҷониби
вазорати маориф ва Пажӯҳишҳои улуми педагогии кишвар
беҳтарин дастур дониста шудаасту ҳол он ки аз ҷониби ин се

пешина
аз 385
навбатӣ