Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
тан гӯё ҳамчун як чизи нолозиму бефоида унвон гирифт. Он лаҳза ин се нафар ба назарам на инсон ва тоҷики асил, балки ҳамчун қотили фарҳанги миллат ва ҳуввияти хештаншиносӣ ба чашмам намудор гаштанд. Агар қотили забони ноби тоҷикӣ намебуданд, пас чаро ин қадар ба панду андарзи ниёгон, ки ҳазорҳо сол Рӯдакӣ, Фирдавсиву Ҳофизу Румӣ, Ҷомӣ, Хайёму Бедилу ҳазорон номбардорони миллатро тарбият кардааст, бо чашми каҷ менигаранд. Магар ба ин афрод модару бибиашон ҳангоми тифл буданашон суруди алларо насароидаанд, ки ин қадар бо ҳасрату сӯзу гудоз ва волову боло будани баю-бай ҳарф мезананд? Чаро тарбияи ғайримиллиро аз миллӣ боло мегузоранд?
Ба вижа ҳангоме, ки аниқ санаи 24 апрели соли 1991 ба ҷамъомади боғча аз маориф методист Аҳмедова омада буд, Солиев ҳам ҳузур дошт. Мураббияи ҷавон Омина Парпиева ҳангоми ҷаласа таклиф пеш гузошт, ки як нафар коргари мусиқӣ ва як нафар методист аз миллати тоҷик шавад. Он ҳангом Солиев гӯё аз бом омада рӯи замин афтода бошад, аррос зада гӯлӯяшро дарронида гуфт:
-Шумо чӣ хел миллатчӣ? Илму маърифат, ҳунару санъате, ки коргарони мусиқию методистони рус доранд, даҳякашро тоҷикони шумо мегуфтагӣ надоранд. Шумо ҳатто маданияту санъат чист намедонед. Беҳтараш, ин гуна талаботҳои бемаъниро накарда, бо онҳо (методисту корманди мусиқии русро дар назар дорад. И.Н) кор кунеду аз онҳо омӯзед.
Ин ҷо гӯё як навъ Солиев худро дар ҳузури методисти маориф Аҳмедова ғамхору дилсӯз нишон дод. Аммо Аҳмедова, ки зани хеле ботамкину оромтабиат буд, сухани Солиевро бо пуррагӣ гӯш карду ба рӯи Солиев нигоҳ карда:
-Не, муаллим, ин дархосту талаби мураббиён миллатчигӣ нест. Шумо онҳоро хато фаҳмидед. Аслан талаботи ин мураббия ҳақ аст. Зеро дар сурати будани методисти тоҷик кори мураббиён сабук ва хеле саҳл мешавад. Сифати кор ҳам хеле баланд хоҳад шуд, - бо мулоимӣ посухи обдоракак дод Аҳмедова.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё