Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Солиев аз шармандагии он лаҳза низ надонист, ки чӣ гӯяд. Замин накафид, ки дарояд.

Ин ҳол низ дар мурофиаи суд ман дар чеҳраи ин марди солхӯрда осори одамигариро надодам. Ин турфаи афроди худбину дунёпараст ба якрӯза мансабу курсӣ, ба яксоата маишату фарогат, ба як лаҳзаина худкомагиву ҷоҳталабӣ метавонанд кулли ҳақиқати дунёро бифрӯшанд, ҳатто омодаанд имону виҷдону инсониягии худро ба фурӯш гузоранд. Инак фурсате буд, ки чеҳраи аслии ин ашхос бармало шуд. Кӯшиши баръабаси эшон, ки аблаҳона рӯйпӯш намудани офтоби оламтоб аст, инак ошкор шуд.

Дар банди ин андешаҳои андарзи қиблагоҳиам — Ибни Ямин, ки ҳар замон бароям талқин мекарданд, ба зеҳнам бархӯрд:

"Оне ки дар роҳи рост аст, бешубҳа хорию зорӣ мебинад, аммо рафта-рафта ба тадриҷ дар охири кор ҳақ ба ҳақдор мерасад. Зеро ин муаммоҳо хости Худо аст, ки ба чунин пешомад ҳеҷ гоҳ шубҳа насоз. Камонро бубин, каҷ мешаваду намешиканад".

Дар ин асное, ки торҳои асабам таранг мешуду дилам фишор мехӯрд, ҳикмати падар маро ором нигоҳ дошт.

Бо даъвои ин се шермард, ки гӯё аттестатсия бо дархости маорифи вилоят гузаронида шудааст, Акчурин аз суд дархост кард, ки чанд суол ба мудири маорифи вилоят дорад. Аз ин рӯ, ӯ вобаста ба ин масъала салоҳ донист, ки мудири маорифи вилоятро ё ба рафти суд даъват карда шавад ё дар сурати имкон надоштан хаттӣ дар ин зимн ба суолҳо посух навишта тавассути намояндааш бифиристад.

Ин таклиф аз ҷониби суд, прокурор ва машваратчиён бо пуррагӣ дастгирӣ ёфт. Баъди анҷоми кори ҳамонрӯза котиби суд саволнома ва таклифномаро ба ман дод, то ба мудири маорифи вилоят расонам.

...Хулосаи кор он рӯз бо баромадҳои пур аз дурӯғу даъвоҳои беасоси се даъвогари завод рӯз бегоҳ шуду бо эълони судя боқимондаи баррасии парванда ба рӯзи дигар монда шуд. Аммо мутаассифона он рӯз журналист Дадоҷон

пешина
аз 385
навбатӣ