Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

посухаш гуфтаму минбаъд ҳама хомӯш мондем. Акчурин дар паҳлӯи ронанда нишаста буду ҳеҷ чиз намегуфт.

Рӯшании чароғи мошин синаи торикиро дарида, ба пеш ҳаракат мекард. Тумани ғафс, ки роҳи сарпечидаи болотари Конибодом ва шаҳраки КИМро пурра фаро гирифта буд, гӯё аз рӯшноии чароғи мошин ҳаросида, ба чор тараф пош мехӯрд. Чашмам ба ин манзара банду хаёлам ба баромадҳои се шермарди завод андармон шуд. Хеле алам кашидам. Ҳаволаашон ба Худо.

Вақти говгум ба хона расидам. Ба остонаи дарвозаи ҳавлӣ поямро гузоштаму он замон дарк кардам, ки хеле хаставу лакот шудаам. Мадори пойҳоям намонда буду сарам чарх мезад. Зеро имрӯз аз сабаби набудани рӯҳияи хуб ҳатто хӯроки нисфирӯзӣ нахӯрда будам.

Се фарзандам давида сӯям шитобиданд. Ба истиқболи эшон оғӯшамро кушодаму дастҳои гарми онҳо рӯямро палмосида ҳар яке бо шеваи худ маро мебӯсиду мебӯид. Аз меҳру навозиш ва меҳри беандозаи кӯдаконамам андак ба худ омадам. Ба хона даромадам, ки шавҳарам табъи хираву чеҳраи гирифта дошт. Аз ростӣ вақтҳои охир шавҳарам бештар асабӣ мешуд. Ӯро низ мефаҳмам. Бечора аз сарсониву оворагӣ ва суду судбозиҳои вақтҳои охир аз ман дида бештар монда шуда буд. Ба ҳолаш раҳмам меояд. Ӯ як сарашро бардошту бо виқор:

-Ҳа, омадӣ, корҳо чӣ хел, -сарашро аз рӯи газета хам кард, гӯё хонда истодааст. Аммо пайхас кардам, ки ӯ ҳамту чашм давонида истодаасту бас. -Имрӯз ҳам ҳамаи онҳо омаданд?

-Не, на ҳама омаданд. Аз маъмурияти завод танҳо се нафар омаданду халос,- чашмамро гурезонида кӯтоҳакак посух додам, зеро дидам, ки кайфияти шавҳарам хуб нест. - Боқимонда шоҳидонро аз пагоҳ сар карда, даъват мекардаанд. Журналист Дадоҷон Норматов ҳам омад, аммо маъмурияти суд ба хотири амн ӯро ба толори мурофиа роҳ надод. Мумкин рӯзҳои оянда ба иштироки ӯ раиси суд иҷозат диҳад.

-Ман гуфтам-ку, беҳуда зӯр мезанӣ, зӯрат ба онҳо

пешина
аз 385
навбатӣ