Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Наҷотхон ИСОМАДДИНОВА

-Ҳа чӣ гап? -ба ҷои иҷозаи вуруд пурсидан садои Маҳмудова шунида шуд.

Турдиматов аз гирумони суд ва саволҳо мухтасар шарҳ доданд, ки ин лаҳза нобаҳангом Маҳмудова шӯрида рафт.

-Шумо кӣ худатон? Педагог небошед, маълумоти олӣ надоред. Равед ҳамун ҳисобчигиатонро кардан гиред-да. Чаро даъвои мудириро мекунед? Мудирӣ куҷову шумо куҷо? Раиси шаҳр Гулафзо Савриддинова, депутати СССР Каттаев низ шуморо намехоҳанд чаро ин қадар биниятонро ба ин вазифа мехалонед? -пурсишҳои бемантиқи ӯ бо оҳанги сарзаниш баланд шудан гирифт.

Азбаски мӯсулфидам, табам андак баланд буд, ин таҳқирро дигар маҷоли таҳаммул надоштам. Худро аз даст додам, аз ҷой бархоста ба Маҳмудова дарафтодам ва аз китфи чапаш дошта, ба берун кашола кардам.

-Муаллима, хоҳиш мекунам бароед, ман ба назди шумо наомадаам. Шумо ба ин кор даҳолат накунед ва ҳуқуқи даҳолат ҳам надоред, -дар ҷавоби пурсишҳояш ман низ паст наомадам.

-Гиребонамро сар деҳ, -худро ба қафо алвонҷ дода аз дастам раҳиданӣ шуд.

-Ин гиребон нест, муаллимаҷон, ин китф аст, -бо истеҳзо ҳозирҷавоб кардам ва ӯро ба сӯи дар тела кардам.

-Равед, равед, моро ба ҳоламон гузоред, монед, ки кор кунем, -Турдиматов низ аз касири шарм намедонистанд, ки чӣ кунанд, аз ин рӯ берун рафтани Маҳмудоваро салоҳ дониста, хоҳиш карданд, ки Маҳмудова аз дафтари кориаш барояд.

Гиря гулӯгирам кард. Ин ҳоламро Турдиматов пай бурда, ба пиёла чой рехта дароз карданд. Барои худро ором кардан, чойро як қулт кашидам, ки гӯлӯям ба сӯзиш даромад. Чой хеле талҳ буд. Азбаски Турдиматов фишори хуни баланд доштаанд, ҳамеша чойи кабуди талҳ менӯшидаанд.

Турдиматов маро таскин дода, аз вазорат занг задани муовини аввали вазири маориф Рашидовро ёдовар шуданд, ки ҳамаи муносибатҳои алайҳи ман ғайриқонунист.

пешина
аз 385
навбатӣ