Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
АдабиётШеър
Аз аввал хонданшунавад, баръакс аз ҷабри маъмурият кор то ба даргоҳи суд расидааст, - бурро баён дошт ӯ.
Инчунин масъулини маорифи ноҳияро мавриди накӯҳиш қарор дода, аз бепарвофалакии онон ба суд шикоят кард.
Навбати саволу ҷавоб ба духтари нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил - Зӯҳро Ҷалилова расид.
- Ману Исомаддинова шиносҳои дерин ҳастем, - зимни баромад ва посух дар минбари суд иброз дошт Ҷалилова, - аз он рӯз, ки Муноҷотхон ба сари кор омадаанд, ҳар гоҳе ба Хуҷанд гузорашон афтод, ҳатман ба боғча мо омада, аз ман нозукиву вижагиҳои корро меомӯхтанд. Маслиҳатҳо мегирифтанд. Таҷрибаҳои моро меандӯхтанд. Инчунин аз ғавғоҳои ин зан ман огоҳ ҳастам. Моҳи августи соли 1991 буду ман дар осоишгоҳи "Зумрад" истироҳат мекардаму Исомаддиноваро ҷуста ба ҷои корашон омадам. Он рӯз дар боғча ҷанҷол буд. Методисти боғчаву ҳамшираи тиб ба ин кас часпида буданд. Аз рости донишу малакае, ки Исомаддинова дорад, на ҳама доранд. Аммо мутаассифона ӯро дар коргоҳ ва маъмурияти завод нафаҳмиданд ва намефаҳманд. Ман он лаҳза аз гуфтори методисту ҳамшираи тиб ва якчанд мураббиягон дарёфтам, ки онҳо ахлоқан хеле вайрону аз кӯчаи адаб фарсахҳо дуранд. Хеле ҷоҳилона муомила карда, сухан мегуфтанд, - бо афсӯс ёдоварии кард Ҷалилова.
Дар охир Зӯҳро Ҷалилова оҳе кашиду як чизи дарднокеро ёдрас кард:
- Ман ҳайронам, ки дар назди маъмурияти завод як идда ҷоҳилон эътибор доранду аммо Исомаддинова не.
Ин ҳангом якбора овози Эшонову Солиев ва Тӯхтаев баланд шуд.
- Оё мумкин аст, ки шахси бегона ба боғча дарояд? Шумо чӣ ҳақ доред, ки ба суд ҳамчун шоҳид иштирок кунед, - мисли тарошидаи аз бом афтида ба суолборон гузаштанд, се кас аз ҷояшон нимхез шуда.
Садои болғачаи судӣ шунида шуд. Онҳо дарҳол сукут карданду чашмашонро аз суд наканданд. Гумон доштанд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё