Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Рӯзи ҷумъа: аввали рӯз нек бошад то
офтоб баромадан, он гоҳ бад бошад то
шом, он гоҳ нек бошад то хуфтани.

Санги бадгавҳар агар шишаи заррин шиканад,
Қиммати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Тарбияи миллӣ ва гуноҳи миллӣ

Баъд аз он ки аз сарварии боғчаи №39 зери тазйиқу фишор канор рафтам, ба кори эҷодӣ ҷиддан машғул шудам. Аз соли 1993 то соли 1995 куллан нерӯи худро барои дастури "Нури одамият" додам. Ҳамзамон дар ширкати шавҳарам ба ҳайси муҳосиб низ фаъолият бурдам. Бо вуҷуд, авқоти бештари худро ба таълифи китобам масраф кардам.

Таълифи дастури "Нури одамият"-ро ба таври комил хатм намудам. Моҳи июни соли 1995 дастури "Нури одамият"-ро ба идораи маорифи вилояти Ленинобод барои фаҳмидани то кадом дараҷа ба талабот ҷавобгӯ будани он нишон додам ва барои тақриз ба назди Сардори идораи маорифи вилояти Ленинобод Анвар Ҷалилов бурдам.

Анвар Ҷалилов бисёр инсони дақиқкор ва пухтагӯест. Дар интихоби кадрҳои болаёқат басо амиқ андеша мекард ва барои тарбияи насли ҷавон диққати ҷиддии худро зоҳир мекард. Ӯ дастури маро гирифту хоҳиш кард, ки барояш каме мӯҳлат диҳам, то пурра бихонаду баъдан хулосаашро гӯяд. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Хаёл кардам, ки ин мард барои мутолиаи комили дастур оё вақт меёбад ё не? Шояд хушгӯй карда бошад, -ба дил гуфтам.

Расо баъди як ҳафта ҳузураш даромадам, ки маро бо
чеҳраи кушоду лаби пуртабассум пешвоз гирифт. Хостам
пурсам, сарнавишти "Нури одамият"-и ман чӣ шуд. Аммо ӯ аз
чеҳраам дарк кард, ки ман чӣ мехоҳам. Баъдан ба рӯи миз
китоби ба табъ омода шудаам ва ду-се варақи мошиннависро

пешина
аз 385
навбатӣ