Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

даромадам, дар ҳуҷраи кориаш одамон зиёд буданд. Баҳодуров баробари маро дидан:

  • Эҳе, хайрияте, худатон омадед, - гӯён аз байни даҳҳо шиноснома шиносномаи маро ёфта, ба ман дароз кард. - Марҳамат, ана ин шиносномаи хориҷии шумо, хурсанд шавед, - гӯён боз омодаи ба корҳояш андармон шуд. Ӯ ким-кадом ҳуҷҷатеро мекофт. Болои мизи кориаш ҳуҷҷатҳои зиёд ғарам-ғарам меистод, чунон сертавшишу серкор буд, ки ҳатто аз чеҳрааш маълум буд, ки хеле хаста шудааст. Ман бошам, аз хурсандӣ шиносномаамро варақгардон карда дидаму ба сумкаам андохтам. Намедонистам, ки шиносномаро бояд боз ба Баҳодуров баргардонам, он кас ҳам напурсид. Танҳо гуфт, ки ба рӯйхати ҳаҷравандагон, ки 50 фисад маблағи роҳқирояшон аз ҷониби ҳукумати вилоят пардохт карда мешавад, гӯё ман шомил шудаам. Аз рӯи гуфтаи Кароматуллоҳ Баҳодуров бояд он маблағро бо зудӣ расонам. Кароматуллоҳ марди тахминан панҷоҳсола буда, қомати расо, абрӯвони сиёҳ ва чеҳраи гарм дошт. Ҳарфҳояш ҳакимона, ҳар як суханаш далели онро дошт, ки хеле марди ориф аст.
  • Иншооллоҳ, оғози моҳи апрел ба сафари ҳаҷ хоҳем рафт, - ӯ бароям муждаро расониду боз андармони кофтани ҳуҷҷатҳои дигар зоирин шуд. Ман аз шодӣ ҷой намеёфтам, намедонам чӣ тавр ба Исфара боз гаштаам. Ин бозгашти аввалин аз Хуҷанд ба Исфара буд, ки тӯли борҳо сафар карданам, ҳамеша бо як муаммо ва ё фишори дил ё пур аз ғаму андӯҳ бармегаштам. Инак, бори нахуст хурсанд ба Исфара мешитобам...
    ...Субҳ соати 6:00, 8-уми апрели соли 1997, вақти гусели писарам Ҳамидуллохон, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии Хуҷанд буду омодаи сафар гардида буд, хоҳиш кардам, ки як сароқадам ба масҷиди Шайх Муслиҳиддин даромада, аз ягон нафар масъулин кай ба сафари ҳаҷ рафтанамро пурсад. Худ баъди гусели писарам ба Хуҷанд ба мазори Саиди Сарбаландӣ, сари қабри қиблагоҳиам рафтам. Дар ҳаққи ҳамаи аҳли қубур ва қиблагоҳиам оятҳои Қуръон
пешина
аз 385
навбатӣ