Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

тиловат кардам. Андаке пас бо рӯҳи падар сӯҳбат кардам, мужда расонидам, ки рӯзҳои наздик шояд ба хонаи Худо равам. Агар насиб бошаду равам, ҳатман ҳаҷҷи бадале барои Шумо — қиблагоҳиам ба анҷом хоҳам расонид.

Тахминан соати 11 ба ҳавлиам омадам, ки дар қади кӯча шавҳарам сигор кашида меистод. Мушоҳида кардам, чеҳрааш ошуфта менамуд. Дарёфтам бо шунидани чӣ хабари номаълуме хотираш мушавваш аст. Бо баробари наздик шудан:

— Шумо куҷо мегардед, канӣ паспорти хориҷиатон, гиред онро, зуд бошед, ба Хуҷанд меравем, — гӯён бидуни шарҳу тавзеҳ назди мошин рафта, сари ҷанбарак нишаст.

Ман аз ин ҳоли асабонияти шавҳарам дасту по хӯрдам, шиносномаамро ҳар қадар кофтам, аммо наёфтам. Вақтҳои охир чунин шуда буд, ки ҳар вақте асабӣ шавам, ҳисоби корамро гум намекардам. Ахиран шиносномаро ёфтам. Пас аз чанд дақиқа ба роҳ баромадему маълумам шуд, ки Ҳамидуллохон бо маҳзи аз масҷиди Шайх Муслиҳиддин дарёфтани хабари сафари оҷили ҳаҷ, ба хона занг зада шавҳарамро мутталиъ сохтааст. Соати қариб 13:00 ба масҷиди Шайх Муслиҳиддин ҳозир гаштем. Дар ҳуҷраи кории имом-хатиби масҷид Хоҷӣ Ибодуллоҳ Калонзода маро қабул карданд.

— Шиносномаатон канӣ, барои чӣ шиносномаро дар вақташ ба Баҳодуров надодед? Медонед Баҳодуров дар Москва, ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон будаасту аз они шумо не, ман ду-се рӯз ин ҷониб шуморо мекобам, борҳо ба масҷиди Ҳоҷиён занг задем, домулло Одилхон нагуфтанд? Худо медонад, шумо бо ин коратон ба ҳаҷ меравед ё не, — мулло Ибодуллоҳ Калонзода аз касири ғамхорӣ беист саволборон карда, аз он ки шиносномаам дар дастам мондааст, хеле бо таассуф ҳарфҳои пурҳарорат гуфтанд.

— Ҳозир соати 14:00 тайёрае ба Маскав мепарад, шиносномаатонро ба он дода, гусел мекунам. Агар то бегоҳ ин паспорт дастраси Баҳодуров шавад, мумкин коратон ҳал

пешина
аз 385
навбатӣ