Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ростӣ дар хиҷолат шуда, чӣ гуфтанамро надонистам ва ноилоҷ ризогиямро додам. Ҳарчанд ҳеҷ ихлосе дар дил нисбат ба фолбинӣ надоштам, табассум кардаму чун Ҳамидахон қаҳваро нӯшида ба София дароз кардам. Ӯ тибқи муоинааш аввал ояте чанд аз Қуръон тиловат карду баъдан ба пешгӯӣ пардохт.
Аз ростӣ аз пешгӯйиҳои София ҳангам парид. Ӯ як чизи асроромезе гуфт:
-Эҳ-е, - ба ҳайрат чашмашро аз даруни пиёлаи қаҳваи хӯрдаам наканда, ба сухан оғоз кард, - пиромуни шуморо фариштагони кӯдак печонида гирифтаанд. Шумо инсони намозӣ ва поке ҳастед. Оё ҳамин тавр не? - рост ба чашмам нигоҳ карда пурсид.
-Оре, аз ростӣ танҳо намози бомдод ва сураи Ёсинро субҳ мехонаму дигар чаҳор вақти дигарро не, - оҳиста чун гунаҳкоре иқрор шудам ман. Рӯям аз шарми он ки як вақт намоз мегузорам суп-сурх шуд.
-Бо ин ҳама шумо инсони хеле ояндадоре ҳастед. Ман дар дасти шумо байрақеро мебинам, ки нишони роҳбарӣ ва ҳақиқатҷӯйӣ аст. Дар ояндаи хеле наздик, ҳатто то ба чиҳил рӯз шуморо ба даргоҳе ба вазифаи роҳбарӣ даъват мекунанд, ки он даргоҳи тарбияи фарзандони мардум аст. Шумо рад накунед, ҳатман розӣ шавед, ки ин ҷо розигии Худованд низ ҳаст. Зеро он даргоҳ даргоҳи фариштагони кӯдаки шумост, - сарашро набардошта бе ист мегуфт София.
Ман бошам аз таҳайюр ҳеҷе намегуфтам ва ба худ хитоб мекардам, ки мани муҳосиб куҷову даргоҳи тарбият куҷо. Ин сафсатае беш нест. Бори дигар ба беихлосии худ нисбат ба аҳли фолу қуръа иқрор шудам. Аммо сир бой надодам. София як ба чеҳраам назар дӯхту ба суханаш идома дод:
-Ҳаёти шумо пур аз мубориза ва ҳақиқатҷӯйиву хаста шуданҳост. Шуморо чандин бор мехоҳанд шикананд, аммо иродаи матини шумо ҳамаи монеаҳоро бартараф карда метавонад.
Дилам аланг гирифт, ки чаро ҳаёти ман пур аз муборизаҳост. Ман-ку ягон мансабдор нестам. Аз ин рӯ, боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё