Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ихлосам аз София комилан баргашт, ки сафсатае беш намегӯяд.

Баъди андак меҳмонӣ аз Тошканд раҳ сӯйи ватан гирифтем. Аммо дилам ҳамоно алангае аз хонаи София гирифта будам, ҳеҷ дур намерафт. Зеро ман дар хобҳои бисёр парешонам ҳамеша аз дасти кӯдакон наҷот меёфтам. Маҳз ин нукта маро ба кӯйи андеша мебурд. Борҳо хоб медидам, ки ба об ғарқ шудаам ва маро ҷараёни тези об бурдан дорад. Ҳамоно кӯдаки фариштасурате пайдо мешаваду дасти маро мегирад ва наҷотам медиҳад. Гову сагони бадҳайбат маро сур мекунанд, аз тарс гурехта ба чоҳе меафтам. Гиряву нолаам ба фалак мепеҷад, ки ҳозир гову сагон омада дар ин чоҳ несту нобуд мекунанд.

Аммо боз ҳамон кӯдаки маъсумеро бараҳна мебинам, ки омада дасташро ба ман дароз мекунад. Ба кӯдак аз таги чоҳ нигоҳ карда фарёд мекунам, ки гурезад, то ӯро сагону говон нобуд накунанд. Ӯ ҷасурона ба чашмам менигараду фарёд мекунам, ки дастамро дароз кунам. Нобоварона дастамро дароз мекунам ва ӯ нӯги ангуштонамро медораду чунон бо шаст ба боло мекашад, ки беозор ман парвоз мекунам ва аз қаъри чоҳ ба осмон мебароям. Дар олами рӯъё дар миёни оташ мемонам. Аз тарс намедонам, ки чӣ кор кунам. Боз ҳамон кӯдаки зебо озод миёни оташ парвоз мекунад ва маро бо як чолокӣ ба осмон мебарорад ва аз бало раҳоям мекунад.

Гуфтаҳои София ва кӯдаки маъсуми рӯъёҳоямро ба ҳам қиёс мекунам, ки ин кӯдаке, ки якумр маро дар хобҳоям наҷот медиҳад, магар фариштаи ман нест? Боз алангаи дилам боло мегирад. Чаро София аз фариштае, ки дар хобҳои ман асту ба ҳеҷ кас ин кӯдаки асроромезро нагуфтаам, ӯ бароям бармало кард, маро ин андешаи мубҳам боз ба кӯчаи сарбастаи ҳайрат тела мекард.

Даст афшондаму худро тасалло додам, ки он як хобу хаёле беш нест ва ин як сафсатае зиёд нест...

...Бо фарорасии солҳои бозсозии горбачёвӣ шавҳарам ба соҳибкориву дигар машғулиятҳои кооперативӣ даст зад. Аз

пешина
аз 385
навбатӣ