Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
гардад, намебошад Худо медонад, бо афсӯс изҳор доштанд домулло. -Иттифоқан бошад, ҳам пагоҳ соати 8-и субҳ тайёриатонро дида биёед,-илова намуданд.
Аз ин сӯҳбат дар ҳайрат мондам, рости гап умедам аз ҳаҷравӣ барбод шуд. Аз шармандашавӣ ҳиҷолат кашидам. Охир ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап не, аз тӯй пеш нақора карда барин, ман ҳам пешакӣ дирӯз бегоҳӣ зиёда аз сад нафар ёрӯ дӯстон ва ҳамсоягонро нону ош дода, дуояшонро ба ин сафари муқаддас гирифта будам. Бо чунин андешаҳо саҳни масҷидро тарк кардам, ки шавҳарам бетоқатона маро мунтазир буд. Зуд худро ба даст гирифтам, дар ҷавоби суолҳои шавҳарам:
-Ҳамааш хуб, Худованд меҳрубон аст, иншооллоҳ пагоҳ субҳ ба сафар тайёр шуда меомадаем, -гӯён ҷавоб додам. Аммо аз номаълумии он ки ба сафари ҳаҷ меравам ё намеравам нагуфтам, ба хотири он ки табъи ҳираи шавҳарамро боз ҳиратар насозам.
Бо шаст ҷониби Исфара шавҳарам мошин ронду, аллакай қарибии соати 16 ба манзил расидем. Боз соати 18:00 бору буғҷаҳои ба сафар тайёр кардаамро гирифта, бо ҳамроҳии модари азизам ва дигар ёрӯ дӯстон ба Хуҷанд омадем. Дар хонаи устоди донишгоҳ декани факултети ҳуқуқ ва таърих М.Файзуллоев, ки дар шафати масҷиди Шайх Муслиҳиддин воқеъ аст, он шабро рӯз кардем.
Субҳи 9 апрели соли 1997. Пас аз фориғ шудан аз намози бомдод модарам якбора бо як тантана:
-Худо хоҳад пеши роҳат кушодагӣ духтарам, раҳматии падаратро хоб дидам, нуронӣ, либосҳои нав дар тан, болои ҷойнамоз бо салобат нишаста, даст дар дуо бардошта, бештар номи туро ба забон оварда, дуо мекарданд. Ман мутаҳаййир шуда, гуфтаам, ки номи дигар бачаҳоятонро ҳам гирифта дуо кунед, аммо идомаи хобро надида, дар ҳамин лаҳза бедор шудам. Иншоаллоҳ рӯҳи падарат ҳам бо ту аст, духтарам, сафарат ба хайр мешавад,-гӯён бо табассуми зебо сӯям нигоҳи мазмундоре карданд. Ҳама аҳли нишаст чанд дақиқа хомӯш аз ин таъбири хоб бо ҳайрат мазмун меҷустанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо