Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
он ки ман илми муҳосибиро хуб доро будам, шавҳарам ба кооперативи нав кушодааш маро ба кор даъват кард. Ба ҳайси муҳосиб дар паҳлӯи шавҳар ба кор шурӯъ кардам. Ин вақт ман соҳиби се фарзанд-ду писар ва як духтар будам.
Азбаски кооперативи мо бо корҳои лоиҳакашӣ ва сохтану гузаронидани қубурҳои гази табий машғул буд, барои харидану дарёфт кардани кислород бо заводи гидрометаллургияи Исфара (ИГМЗ) доду гирифти шартномавӣ доштем. Сарвари он вақти завод Абдуҷаббор Каттаев бисёр марди кордидаву пуртаҷриба буд. Ҳамеша дархостҳои моро бо ҷону дил қабул мекард. Каттаев, миёнақад, рӯяш доирашакл, мӯи сиёҳи ба як тараф шоназада дошт. Характери хуб, ҳёле хайрхоҳ, кӯмакрасон буд. Истода-истода андешамандона баъд сухан мегуфт.
Дар ин айём, ки нав Тоҷикистон ба истиқлолият дастёб шуда буд, дар ҳар гӯшаву канори кишвар мактабҳои хусусиву давлатӣ барои омӯзонидани хати ниёгон-форсӣ кушода мешуданд. Ман низ он лаҳазот барои омӯзонидани фарзандони мардум ба хати форсӣ камари ҳиммат бастам. Яке аз аввалин муаллимоне дар Исфара мебошам, ки дарси форсӣ ба фарзандони ин марз медодам.
Аз дарси хати ниёгони ман Каттаев низ огоҳии хуб дошт. Таърихчаи дарси забони форсиро салоҳ медонам, ки ин ҷо муфассал биёварам. Зеро чеҳраи аслии як зиёизодае чун ман шояд барои хонандагон баъди хондани таърихчаи зер рӯшантар шавад.
Бо баробари оғоз ёфтани ошкорбаёнии партавҳои аввалини демократия дар тамоми кунҷу канори кишвари абарқудрати ИҶШС нурафшон шуд. Зимнан, рӯй овардан ба анъанаву суннатҳои миллӣ дар вуҷуди понздаҳ ҷумҳурии бародарии сосиёлистӣ зуҳур кард. Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ боз шудани дари масоҷиду мадориси исломӣ шурӯъ шуд. Ҳафтод сол, ки миллати тоҷик аз омӯзиши хати аслии миллӣ-форсӣ маҳрум гардида буд, инак фурсате даррасид, ки боз шарёни хуни ниёгон дар зоҳиру ботини миллати тоҷик ҷӯш зад. Сафи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё