Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
якбора шӯридам. -Корҳои ман ягонтоаш махфӣ нест, ҳамаи фаъолиятам ошкоро аст. Дарвозаи шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не, мегӯянд, агар ман ягон сирри махфӣ медоштам, мардум бохабар мешуданд-да. Ба Ҳусейнова супориш додаед, хеле хуб, чӣ мешуд, ки дар ҳузури ман ӯ ин тасмимашро мегуфт, ҳамроҳ рафта масъала, супориш ва ё фармонро дар ҳузури ман дар амал иҷро мекард. Нафаҳмидам, ки ин чӣ гуна коргузорӣ аст.-, бо лаҳни гилаву шиква илова кардам.
Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев андак хиҷолат кашид, дар чашмаш нишони надоматро хондам.
-Хайр, акнун ҳамин хел корҳо нашавад-де,-ӯ андак хомӯш истоду боз ба сухан даромад,-худатон медонед, ки душманатон бисёр, гапу калочаҳо ҳам бисёр, аз боло ҳам ба мо нисбати кори шумо эродҳои ҷиддӣ шуда истодааст,-маълум набуд, ки ӯ боло гуфта кадом мақомотро дар назар дошт. Намедонам, ки боло, шояд раиси шаҳр ва ё маорифи вилоят бошад, то ба ҳанӯз бароям маълум нест.
Бо мудир Ҳ.Тӯхтаев дигар баҳс накардам, зуд берун шудам. Бо таксӣ сӯи боғча равон шудам. Мошин пеш мерафту дар дилам ғалаёне бархост. Ман хиҷолатзада аз он будам, ки апаи Сарвархон, бечора ин зани озурдадил дар тарсу ҳарос шудагист. Шояд мураббиягон дар набудани ман аз омадани комиссия маҳз барои санҷиши дарси ахлоқ дар тарсу таҳлука афтода бошанд, ин ҳарфҳоро аз дил мегузаронидаму хашмам боз болотар гирифт. Тарсам аз он буд, ки баъди чунин пешомад Худо накунад, ки аз омӯхтану шунидани дарси ахлоқ мураббиягон аз тарс рӯй битобанд.
Ба боғча омадам, ки аллакай меҳмонони нохонда рафтаанд, мураббиён дар долон мушавашвашхотир, апаи Сарвархон, ки ду бари рӯяш ё аз хиҷолат бошад ё аз тарс суп-сурх буд, дарк кардам, ки ҳама маро интизоранд. Ба боробари маро дидан гӯё ҷон ба танаш дубора даромад, Сарвархон бо як шодии кӯдакона паррон аз ҷой хест. Мураббиёнро аз нав сарҷамъ ва ҳамагонро ба оромӣ ва тинҷӣ даъват кардам. Баъд аз он ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо