Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

андак хомӯшиву оромӣ ҳукмфармо гардид, қазияро аз онҳо пурсон шудам. Аз суханони мураббияҳо дилам аланга гирифта, аз Ҳусейнова хеле озурда гашт. Ба ёдам солҳои 1991-1992 омад. Дар кӯдакистони №39, ки ман мудир будаму Сабо Ҳусейнова ба ҳайси мураббия кор мекард, ба назарам дар байни мураббиён бедортар буд. Аз ин хотир ӯро ҳаматарафа кор меомӯзонидам, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷонибдорӣ аз ӯ мекардаму ҳамеша аз пайи он будам, ки Сабо Ҳусейноваро касе наозорад. Дар ҳар сари нозукиҳои касби тарбиявӣ барояш раҳнамо будаму ӯ низ ҳар мушкиле, ки пеш меомад, аз ман пурсон мешуд. Он лаҳза мехостам, ки то ба вазифаи мураббияи калон (методист) расонам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Бо вуҷуди он ки муносибатҳои тезу тунди ману маъмурияти заводи гидрометаллургӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирифт, ӯро то кори методистӣ расонидам. Оилааш нотинч буд. Ҳар замон аз нооромиву нофаҳмии оилааш шиква мекард, ӯро тасалло дода, кӯшиш мекардам, ки насиҳате бароиаш намояму оилааш барқарору устувор бимонад. Бо ин ҳама фаромӯш намекунам, дар рӯзҳои судбозӣ Ҳусейнова ҳам дар қатори даҳҳо мураббиён барои ҳимояи ман дар суд суханони ҳақро гуфта буд.

...Соли 1993 буд... Ҳусейнова ба озмуни "Мураббияи сол", ки дар вилоят баргузор гардида буд, иштирок кард. Қабл аз озмун пайваста бо маслиҳати ман кор карду дастуроти фармудаамро қабул кард. Гарчанде аз вазифа рафта будам, бо камоли муҳаббату эҳтиром ба озмун ба қавле ба ҳайси ҳаводор иштирок кардам. Пӯшида нест, ки барои Ҳусейнова ҳаққи устодӣ дорам. Охир ҳама муборизаю талошҳои ман маҳз барои ҳимояи мураббиён буд, ки бо забони миллати тоҷдорамон кору фаъолият баранд, бо забони фасеҳи модарӣ сухан гӯянд, ҳуқуқашонро шиносанд. Ҳама муборизаю талошҳои ман маҳз ба хотири як нафар методистро аз миллати тоҷик гузоштан буд, ки он ҳам бояд Ҳусейнова медосист мешуд. Ба зиддияту муқобилатҳои зиёд нигоҳ накарда, ман ба мақсадам расида будам. Ҳусейноваро аз тоҷикзабонон ба ҳайси методист баргузидам...

пешина
аз 385
навбатӣ