Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
...Аммо имрӯз Ҳусейнова новобаста аз супориши болоӣ метавонист одамигарӣ, ҳаққи ҳамнону ҳамнамакӣ, ҳаққи устодӣ, ба хотири ҳамкорӣ ва охирон ҳеҷ набошад ҳаққи хоҳариро ба ҷо меоварду аз ин санҷишаш маро огоҳ мекард. Охир ҷинояткор, гуреза ва ё сиёҳқор нестам-ку. На душмани миллатаму на душмани давлатам. Мутаассифона, ин зан аз дирӯзи худ гӯё билкулл фаромӯш карда бошад, имрӯзҳо ин теги нигоҳаш маънии он аст, ки комилан аз гузашта фаромӯш кардааст. Ин турфа ҳамонанд, ки агар "боло" салларо биёвар гӯяд, салларо ҳамроҳи калла мебаранд. Сад афсӯс, ин гуна афрод дар ҷамъияти мо, бахусус дар миёни курсинишонон хеле зиёданд, ки нафратам меояд. Бовар дорам, ки бо чунин мутахассисони кӯрдил ояндаи миллатамон завол меёбад. Санҷиш ҳам ҳадду андозаи махсуси худро дораду таҳлил ҳам одобу низоми худро...
Аз дили дунёпарастон завқи сӯҳбат бурдаанд,
Равшанӣ аз чароғи аҳли давлат бурдаанд...
Бо вуҷуди он ки хеле асабонӣ шудам, дар аввал аз Сабо Ҳусейнова ранҷидам. Аммо фикр кардам, ки охир ӯ низ иҷрокунандаи супориши болост. Айнан ин вақт гуфтаи Ҳ. Тӯхтаев ба ёдам омад, ки "эроди боло" гуфта буд. Аз ин рӯ, маро намебоист, ки аз рафтори Ҳусейнова ва ё Тӯхтаев биранчам.
Бо чунин андешаҳо ғарқ будам, ки апаи Сарвархон ба хотири шикастани сукут:
- Уқоҷон, майлаш, ором шаведу озурда набошед. Ман чанд рӯзе истироҳат кунам, боз оянда дарсамонро давом медиҳем, - гуфтани апаи Сарвархон маро ба худ овард.
Маҳз "туфайли" омадану "сиёсати хирадмандона"-и Сабо Ҳусейнова буд, ки на танҳо мураббиягон аз тарс аз омӯзиши дарси ниёгон даст кашиданд, балки апаи Сарвархон низ аз ҳарос пояшро аз боғча канд, ки ин рафтани ӯ бебозгашт ва зарари ҷиддии маънавӣ барои аҳли кӯдакистон маҳсуб гардид. Маҷбур шудам худам илоҷе карда дар вақтҳои фориғ дарси ахлоқро бо мураббиён гузаронидам. Дар лаҳзаҳои душвориву

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо